Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зан дӯст бувад, вале замоне,
То ҷуз ту наёфт меҳрубоне.
Чун дар бари дигаре нишинад,
Хоҳад, ки дигар туро набинад.
Зан майл зи мард беш дорад,
Лекин суи коми хеш дорад.
Зан рост набозад, он чи бозад,
Ҷуз зарқ насозад, он чи созад.
Бисёр ҷафои зан кашиданд
В-аз ҳеҷ зане вафо надиданд.
Марде, ки кунад занозмоӣ,
Зан беҳтар аз ӯ ба бевафоӣ.
Зан чист - нишонагоҳи найранг,
Дар зоҳир сулҳу дар ниҳон ҷанг.
Дар душманӣ офати ҷаҳон аст,
Чун дӯст шавад, ҳалоки ҷон аст.
Гӯӣ, ки бикун, намениюшад,
Гӯӣ, ки макун, думарда кӯшад.
Чун ғам хурӣ, ӯ нишот гирад,
Чун шод шавӣ, зи ғам бимирад.
Ин кори занони ростбоз аст,
Афсуни занони бад дароз аст!
Маҷнун зи газофи он сияҳгӯш
Барзад зи дил оташе ҷигарҷӯш,
Аз дарди дилаш, ки дар бар афтод,
Аз пой чу мурғ дар сар афтод,
Чандон сари худ бикӯфт бар санг,
К-аз хун ҳама кӯҳ гашт гулранг!
Афтод миёни санги хора,
Ҷон пораву ҷома пора-пора.
Он дев, ки он фусун бар ӯ хонд,
Аз гуфтаи хештан хиҷил монд.
Чандон нагузашт аз он баландӣ,
К-он дилшуда ёфт ҳушмандӣ,
Омад ба ҳазор узр дар пеш,
К-эй ман хиҷил аз ҳикояти хеш!
Гуфтам сухане дурӯғу бад рафт,
Афвам кун, к-он чи рафт, худ рафт,
Гар бо ту яке мазоҳ кардам,
Бар узри ту ҷон мубоҳ кардам.
Он парданишини рӯйбаста
Ҳаст аз қибали ту дилшикаста,
Шӯяш, ки варо ҳарифу ҷуфт аст,
Сар бар сари ӯ шабе нахуфтаст.
Гарчи дигаре никоҳ басташ,
Аз аҳди ту дур нест дасташ.

пешина
аз 349
навбатӣ