Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-имрӯз ба тарки аҳд гуфтан,
Рух бе гунаҳе зи ман нуҳуфтан?!
Гирам, дилат аз сари вафо шуд,
Он даъвии дӯстӣ куҷо шуд?
Ман бо ту ба кори ҷонфурӯшӣ,
Кори ту ҳама забонфурӯшӣ.
Ман меҳри туро ба ҷон харида,
Ту меҳри касе дигар гузида.
Кас аҳди касе чунин гузорад,
К-ӯро нафасе ба ёд н-орад?
Бо ёри нав ончунон шудӣ шод,
К-аз ёри қадим н-оварӣ ёд,
Гар бо дигаре шудӣ ҳамоғӯш,
Моро ба забон макун фаромӯш.
Шуд дар сари боғи ту ҷавонӣ-м,
Оваҳ, ҳама ранҷи боғбонӣ-м!
Ин фохта ранҷ бурд дар боғ,
Чун мева расид, мехурад зоғ!
Хурмои ту гарчи созгор аст,
Бо ҳар ки ба ҷуз ман аст, хор аст.
Бо оҳи чу ман самумдоғе
Кас барнахӯрад зи чун ту боғе.
Чун сарви равонӣ, эй суманбар,
Аз сарв нахӯрда ҳеҷ кас бар.
Бардоштӣ аввалам ба ёрӣ,
Бигзоштӣ охирам ба хорӣ.
Он рӯз, ки дил ба ту супурдам,
Ҳаргиз ба ту ин гумон набурдам.
Бифрефтиам ба аҳду савганд,
К-они ту шавам ба меҳру пайванд,
Савганд, нигар, чи рост хӯрдӣ,
Пайванд, нигар, чи рост кардӣ -
Кардӣ дили худ ба дигаре гарм
В-аз дидаи ман наомадат шарм!
Танҳо на ману туем дар давр,
К-озарм яке кунем бо ҷавр,
1
Дигар мутааррифон ба коранд,
К-эшон баду некҳо шуморанд.
Бинанд, ки то ғами ту хӯрдам,
Бо ман туву бо ту ман чи кардам.
Гирам, ки маро ду дида бастанд,
Охир дигарон назора ҳастанд!
Чун уҳдаи аҳд бозҷӯянд,
Ҷуз аҳдшикан туро чи гӯянд?

Пурсандагон.

пешина
аз 349
навбатӣ