Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар қалъаи он арӯси танноз
Ғазбони фалак арӯсакандоз,
Султону Аёз ҳарду ҳамдаст,
Сарҳанг харобу посбон маст.
Дар дӯст ба ҷон умед баста,
Бо шӯй зи бими ҷон нишаста.
Бар гул зи мижа гулоб мерехт,
Маҳтоб бар Офтоб мебехт.
Азбаски намуд навҳасозӣ,
Бахшуд дилам бар он ниёзӣ,
Гуфтам: чи касиву гиря-т аз чист,
Нолидани зорат аз пайи кист?
Бикшод шакар ба заҳрханда,
К-эй бар ҷигарам намак фиганда,
Лайлӣ будам, валекин акнун
Маҷнунтарам аз ҳазор Маҷнун!
З-он шефтаи сияҳситора
Ман шефтатар ҳазорбора.
Ӯ гарчи нишонагоҳи дард аст,
Охир, на чу ман зан аст, мард аст.
Дар шеваи ишқ ҳаст чолок,
К-аз ҳеҷ касе наоядаш бок.
Чун ман ба шиканҷа-дар накоҳад,
Он ҷо қадамаш равад, ки хоҳад.
Мискин мани бекасам, ки як дам
Бо кас назанам даме дар ин ғам,
Тарсам, ки зи бехудиву хомӣ
Бегона шавам зи некномӣ.
Заҳре ба даҳан гирифта нӯшам,
Дӯзах ба гиёҳи хушк пӯшам.
Аз як тарафам ғами ғарибон
В-аз сӯи дигар ғами рақибон,
Ман з-ин ду алоқаи қавидаст
Дар кашмакаш уфтода пайваст.
На дил, ки ба шӯй барситезам,
На заҳра, ки аз падар гурезам.
Гаҳ ишқ дилам диҳад, ки бархез,
З-ин зоғу заған чу кабк бигрез!
Гаҳ гӯяд ному нанг: биншин,
К-аз кабк қавитар аст шоҳин!
Зан гарчи бувад муборизафкан,
Охир, чу зан аст, ҳам бувад зан.
Зан, гир, ки худ ба хун далер аст,
Зан бошад зан, агарчи шер аст!
З-ин ғам чу наметавон буридан,
Тан дардодам ба ғам кашидан,

пешина
аз 349
навбатӣ