Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он гаҳ салабе, ки дошт дар банд,
Пӯшид дар ӯ ба аҳду савганд,
Маҷнун камари мувофиқат баст,
Аз кашмакаши мухолифат раст,
Пай бар пайи ӯ ниҳоду биштофт,
Дар ташнагӣ оби зиндагӣ ёфт,
Ташна зи Фурот чун гурезад,
Бо ғолия бод чун ситезад!
Бо ӯ дадагон ба аҳд ҳамроҳ,
Чун лашкари некаҳд бо шоҳ.
Иқбол мутеъу бахт мунқод,
Омад ба қароргоҳи меод.
Биншаст ба зери нахли манзур,
Омоҷгаҳе, дадон аз ӯ дур.
Пир омаду з-он чи кард бунёд,
Бо он бути хиргаҳӣ хабар дод.
Хиргоҳнишин бути парирӯй
Ҳамчун париён парид аз кӯй,
З-онсӯтари ёри худ ба даҳ гом
Ором гирифту рафт аз ором,
Фармуд ба пир, к-эй ҷавонмард,
З-ин беш маро намонд новард,
З-ин гуна, ки шамъ мефурӯзам,
Гар пештарак равам, бисӯзам!
Шӯест марову гарчи хуфта-ст,
Ин ҳол на аз Худо нуҳуфта-ст.
Гар з-он, ки ба шӯй дил надодам,
Охир, на чунон ҳаромзодам!
З-ин беш қадам задан ҳалок аст,
Дар мазҳаби ишқ айбнок аст,
З-он ҳарф, ки айбнок бошад,
Он беҳ, ки ҷарида пок бошад,
То чун ки ба доварӣ нишинам,
Аз карда хиҷолате набинам.
Ӯ низ, ки ошиқи тамом аст,
З-ин беш ғараз бар ӯ ҳаром аст,
Дархоҳ, к-аз он забони чун қанд
Ташриф диҳад ба байтаке чанд,
Ӯ хонад байту ман кунам гӯш,
Ӯ орад бода, ман кунам нӯш!
Пир аз сари он баҳори навбар
Омад бари он баҳори дигар,
Дидаш ба замин-бар уфтода,
Ором рамида, ҳуш дода.

пешина
аз 349
навбатӣ