Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар шӯй зи шеване, ки хондӣ,
Дар шеваи дӯст нукта рондӣ.
Шӯяш зи буруни пӯст будӣ,
Мағзаш ҳама дӯст, дӯст будӣ.
Расми араб аст, к-аз паси шӯй
Нанмояд зан ба ҳеҷ кас рӯй,
Соле ду ба хона-дар нишинад,
Ӯ дар касу кас дар ӯ набинад,
Нолад ба тазарруъе, ки донад,
Байте ба муроди хеш хонад.
Лайлӣ ба чунин баҳона ҳолӣ
Хиргоҳ зи халқ кард холӣ,
Бар қоидаи мусибати шӯй
Бо ғам бинишаст рӯй дар рӯй.
Чун ёфт ғиревро баҳона,
Бархост сабурӣ аз миёна.
Мебурд ба шарти сӯгворӣ
Бар ҳафт фалак хурӯшу зорӣ,
Шӯридагие далер мекард,
Худро ба тапонча сер мекард.
Мезад нафасе, чунон ки мехост,
Хавфу хатараш зи роҳ бархост.

СИФАТИ РАСИДАНИ ХАЗОНУ
ДАРГУЗАШТАНИ ЛАЙЛӢ

Шарт аст, ки вақти баргрезон Хуноба шавад зи барг резон, Хуне, ки бувад даруни ҳар шох,
1 Берун чакад аз масомсӯрох.
2 Қорураи об сард гардад, Рухсораи боғ зард гардад.
Шох обилаи ҳалок ёбад, Зар ҷӯяд баргу хок ёбад.
3 Наргис ба ҷамоза барниҳад рахт, Шамшод дарафтад аз сари тахт.
Симои суман шикаст гирад, Гул номаи ғам ба даст гирад.
Бар фарқи чаман кулолаи хок Печида шавад чу мори Заҳҳок.
Чун боди мухолиф ояд аз дур, Афтодани барг ҳаст маъзур,

1
Сӯрохҳои нозуку ба назар нонамоёни пӯсти одамӣ ва наботот.
Шиша.
Шутури тезрафтор («Ғиёс»).

пешина
аз 349
навбатӣ