Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама дар гирди Ширин ҳалқа бастанд,
Чу ҳолӣ барнишаст ӯ, барнишастанд.
Ба саҳрое шуданд аз саҳни айвон
Ба сарсабзӣ чу Хизр аз оби ҳайвон.
Дар он саҳро равон карданд раҳвор
В-аз он саҳро ба саҳроҳои бисёр,
Шуданд он равзаи ҳурони дилкаш
Ба саҳрое чу мину хурраму хуш.
Замин аз сабза нузҳатгоҳи оҳу,
Ҳаво аз мушк пур, холӣ зи оҳу.
Саранҷом аспро парвоз доданд,
Инони худ ба маркаб боздоданд.
Бути лашкаршикан бар пушти Шабдиз
Саворе тунд буду маркабе тез.
Чу маркаб гарм кард аз пеши ёрон,
Бурун афтод аз он ҳамтаксаворон.
Гумон карданд, к-асбаш сар кашидаст,
Надонистанд, к-ӯ сар даркашидаст.
Басе чун соя дунболаш давиданд,
Зи соя даргузар, гардаш надиданд!
Ба ҷустан то ба шаб дамсоз гаштанд,
Ба навмедӣ ҳам охир бозгаштанд.
Зи шоҳи хеш ҳар як дур монда,
Ба тан ранҷа, ба дил ранҷур монда,
Ба даргоҳи Меҳинбону шабонгоҳ
Шуданд он ахтарон бе талъати Моҳ.
Ба дида пеши тахташро бируфтанд,
Ба талхӣ ҳоли Ширин бозгуфтанд,
Ки сайёра чи шаббозӣ намудаш,
Таки тайёра чун андаррабудаш.
Меҳинбону чу бишнид ин суханро,
Сало дардод ғамҳои куҳанро,
Фуруд омад зи тахти хеш ғамнок,
Ба сар-бар хоку сар ҳам бар сари хок.
Аз он ғам дастҳо бар сар ниҳода,
Зи дида сели тӯфон баркушода.
Зи Ширин ёди беандоза мекард,
Бад-ӯ сӯги бародар тоза мекард.
Ба оби чашм гуфт: «Эй нозанин Моҳ,
Зи ман чашми бадат бирбуд ногоҳ.
Гуле будӣ, ки бод аз борат афканд,
Надонам, бар кадомин хорат афканд.
Чи афтодат, ки меҳр аз мо буридӣ,
Кадомин меҳрубон бар мо гузидӣ?

пешина
аз 349
навбатӣ