Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чи ганҷе, буд ганҷаш кимиёсанҷ,
Ба бозӣ зулфи ӯ чун мор бар ганҷ.
Фусунгар морро нагрифта дар мушт,
1
Гумон бурдӣ, ки морафсойро кушт.
Калид аз дасти бустонбон фитода,
Зи бустон нори пистон дар кушода.
Диле, к-он нори ширинкор дида,
Зи ҳасрат гашта чун нори кафида.
Бад-он чашма, ки ҷои моҳ гашта,
Аҷаб бин, к-офтоб аз роҳ гашта.
Чу бар фарқ об меандохт аз даст,
Фалак бар моҳ марворид мебаст.
Танаш чун кӯҳи барфин тоб медод,
Зи ҳасрат шоҳро барфоб медод.
Шаҳ аз дидори он буллӯри дилкаш
Шуда Хуршед, яъне дил пуроташ.
Фишонд аз дида борони саҳобӣ,
Ки толеъ шуд Қамар дар бурҷи обӣ.
Суманбар ғофил аз наззораи шоҳ,
Ки сунбул баста буд бар наргисаш роҳ,
Чу моҳ омад бурун аз абри мушкин,
Ба шоҳаншаҳ даромад чашми Ширин,
Ҳумое дид бар пушти тазарве,
Ба болои хаданге руста сарве,
Зи шарми чашми ӯ дар чашмаи об
Ҳамеларзид чун дар чашма маҳтоб.
Ҷуз ин чора надид он чашмаи қанд,
Ки гесӯро чу шаб бар маҳ пароканд.
Абир афшонд бар моҳи шабафрӯз,
Ба шаб хуршед мепӯшид дар рӯз.
Саводе бар тани симин зад аз бим,
Ки хуш бошад саводи нақш бар сим.
Дили Хусрав бар он тобанда маҳтоб
Чунон, чун зар даромезад ба симоб,
Вале чун дид, к-аз шери шикорӣ
Ба ҳам даршуд гавазни марғзорӣ,
Забунгирӣ накард он шернахчир,
Ки набвад шери сайдафкан забунгир.
Ба сабре, к-оварад фарҳанг дар ҳуш,
Нишонд он оташи ҷӯшандаро ҷӯш.
Ҷавонмардӣ хушомадро адаб кард,
Назаргоҳаш дигар ҷое талаб кард.
Ба гирди чашма дилро дона мекошт,
Назар ҷои дигар бегона медошт.
Ромкунандаи морон; афсунгар («Ғиёс»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё