Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ки кӯҳистониям, гулзорпарвард,
Шуд аз гармӣ гули сурхам гули зард.
Бад-ӯ гуфтанд бутрӯёни дамсоз,
Ки эй шамъи бутон,чун шамъ магдоз,
Туро солори мо фармуд ҷое
Муҳайё сохтан дар хуш ҳавое.
Агар фармон диҳӣ, то корфармой
Ба кӯҳистон туро пайдо кунад ҷой.
Бигуфт: оре, бибояд сохтан зуд
Чунон қасре, ки шоҳаншоҳ фармуд.
Канизоне, к-аз ӯ дар рашк монданд,
Ба хилват марди банноро бихонданд,
Ки ҷодуест ин ҷо кордида,
Зи кӯҳистони Бобил наврасида,
Заминро гар бигӯяд, к-эй замин, хез,
Ҳаво бинӣ гирифта рез бар рез.
Фалакро низ агар гӯяд, биёром,
Бимонад то қиёмат бар яке гом.
Зи мо қасре талаб кардаст ҷое,
К-аз он сӯзандатар набвад ҳавое,
Бад-он, то мардум он ҷо кам шитобанд,
Зи ҷоду ҷодуиҳо дарнаёбанд,
Бад-ин ҷоду шабехуне аҷаб кун,
Ҳавое ҳар чи нохуштар талаб кун.
Бисоз он ҷо чунон қасре, ки бояд,
Зи мо дархост кун музде, ки шояд!
Пас он гаҳ аз хазу дебову динор
Вуҷуҳи харҷ додандаш ба хирвор,
Чу банно шод гашт аз ганҷ бурдан,
Ҷаҳонпаймой шуд дар ранҷ бурдан,
Талаб мекард ҷое дур аз анбӯҳ,
Ҳаволӣ бар ҳаволӣ, кӯҳ бар кӯҳ,
Ба даст овард ҷое гарму дилгир,
К-аз ӯ тифле шудӣ дар ҳафтае пир.
Ба даҳ фарсанг аз Кирмоншаҳон дур,
На аз Кирмоншаҳон, бал аз ҷаҳон дур,
Бад-он ҷо рафту он ҷо коргаҳ сохт,
Ба дӯзах-дар чунон қасре бипардохт,
Ки донад, ҳар ки он ҷо асб тозад,
Ки ҳуреро чунон дӯзах насозад.
Чу аз шаб гашт мушкин рӯи он аср,
Зи мушку рафт Ширин сӯи он қаср,
Канизе чанд бо ӯ норасида,
Хиёнаткории шаҳват надида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё