Ҳафтахтар Ҷилди 3

Меҳинбону чу дид он дилнавозӣ,
Зи хидмат дод худро сарфарозӣ,
Нафас бикшод чун боди саҳаргоҳ,
Фурӯ хонд офаринҳо дархури шоҳ.
Бад-он толеъ, ки пушташро қавӣ кард,
Паноҳаш боргоҳи хусравӣ кард.
Яке ҳафта ба навбатгоҳи Хусрав
Равон мекард ҳар дам туҳфаи нав.
Пас аз як ҳафта рӯзе, к-ончунон рӯз
Надидаст офтоби оламафрӯз,
Ба сарсабзӣ нишаста шоҳ бар тахт,
Чу султоне, ки бошад чокараш бахт,
1
Зи марзангӯш хатти нав дамида,
Басе дилро чу турра сар бурида,
Бисоти шаҳ зи яғмои ғуломон
Чу боғе пурсиҳисарви хиромон,
Ба ҷӯш омад сухан дар коми ҳар кас,
Ба мавлоӣ баромад номи ҳар кас,
Ба ромиш сохтан бе дафъ шуд кор,
Ба ҳоҷат хостан бе манъ шуд ёр,
Меҳинбону замин бӯсиду барҷаст,
Ба Хусрав гуфт: «Моро ҳоҷате ҳаст,
Ки дорулмулки Бардаъро навозӣ,
Зимистоне дар он ҷо айш созӣ,
Ҳавои гармсер аст он тарафро,
Фарохиҳо бувад обу алафро!»
Иҷобат кард Хусрав, гуфт: «Бархез,
Ту мерав, к-омадам ман аз қафо низ».
Сапедадам зи лашкаргоҳ Хусрав
Суи боғи сапед омад раворав,
Ватан хуш буд, рахт он ҷо кашиданд,
Маликро тоҷу тахт он ҷо кашиданд,
Зи ҳар сӯ хаймаҳо карданд бар пой,
Гирифтанд аз ҳаволӣ ҳар касе ҷой.
Меҳинбону ба даргоҳи ҷаҳонгир
Накард аз шарти хидмат ҳеҷ тақсир.
Шаҳ он ҷо рӯзу шаб ишрат ҳамекард,
Майи талху ғами Ширин ҳамехӯрд.
МАҶЛИСИ БАЗМИ ХУСРАВ ВА БОЗОМАДАНИ ШОПУР
Яке шаб аз шаби Наврӯз хуштар,
Чи шаб, к-аз рӯзи ид андӯҳкуштар.
Навъе гул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё