Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ки буд дил дар бараш з-уммеду аз бим
Ба шамшери хатар гашта ба ду ним.
Ҳамеша чашмбарраҳ дил дуним аст,
Балои чашм бар роҳе азим аст.
Агарчи ҳеҷ ғам бе дарди сар нест,
Ғаме аз чашмбарроҳӣ батар нест.
Мабодо ҳеҷ касро чашм бар роҳ,
К-аз ӯ рух зард гардад, умр кӯтоҳ.
Даромад нақшбанди монавидаст,
Заминро нақшҳои бӯса барбаст,
Замин бӯсиду худ бар ҷой мебуд,
Ба расми бандагон бар пой мебуд.
Гиромӣ кардаш аз тамкини худ шоҳ,
Нишонд ӯрову холӣ кард хиргоҳ,
Бипурсид аз нишони кӯҳу дашташ,
Шигифтиҳо, ки буд аз саргузашташ.
Дуо бардошт аввал марди ҳушёр,
Ки шаҳро зиндагонӣ бод бисёр,
Музаффар бод бар душман сипоҳаш,
Маяфтод аз сари давлат кулоҳаш,
Муродаш бо саодат раҳсипар бод,
Зи нав ҳар рӯзаш иқболе дигар бод!
Ҳадиси бандаро дар чорасозӣ
Бисоте ҳаст бо лахте дарозӣ.
Чу шаҳ фармуд гуфтан, чун нагӯям,
Ризои шоҳ ҷӯям, чун наҷӯям?
В-аз аввал то ба охир он чи донист,
Фурӯ хонд, он чи хондан метавонист,
Аз он пинҳон шудан чун мурғ аз анбӯҳ
В-аз он пайдо шудан чун чашма дар кӯҳ,
Ба ҳар чашма шудан ҳар субҳгоҳе,
Баровардан муқаннаъвор моҳе
В-аз он сурат ба сурат бозхӯрдан,
Ба афсун фитнаеро фитна кардан
В-аз он чун ҳиндувон бурдан зи роҳаш,
Фиристодан ба Туркистони шоҳаш.
Сухан чун з-он баҳори нав баромад,
Хурӯше бехуд аз Хусрав баромад,
Ба хоҳиш гуфт, к-он хуршедрухсор
Бигӯ, то чун ба даст омад дигар бор?
Муҳандис гуфт: – «Кардам ҳушёрӣ,
Дигар иқболи Хусрав кард ёрӣ,
Чу чашми тиргар ҷосус гаштам,
Ба дӯкони камонгар баргузаштам,
Ба даст овардам он сарви равонро,
Бути сангиндили симинмиёнро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё