Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На ҳаст аз зиндагӣ хуштар шуморе,
На аз рӯзи ҷавонӣ рӯзгоре.
Ҷаҳонхусрав, ки солори ҷаҳон буд,
Ҷавон буду аҷаб хушдил ҷавон буд!
Нахӯрдӣ бе ғино як ҷуръа бода,
На бе мутриб шудӣ табъаш кушода.
Муғанниро, ки поранҷе надодӣ,
Ба ҳар дастон кам аз ганҷе надодӣ.
Ба ишрат буд рӯзе бода дар даст,
Меҳинбону даромад шоду биншаст.
Малик ташрифи хоси хеш додаш,
Зи дигар вақтҳо дил беш додаш.
Чу омад вақти хон, Дорои олам
Зи мӯбад хост расми боҷбарсам,
Ба ҳар хӯрде, ки Хусрав дастгаҳ дошт,
Ҳадиси боҷбарсамро нигаҳ дошт.
Ҳисоби боҷбарсам ончунон аст,
Ки ӯ бар чошнигирӣ нишон аст.
Иҷозат бошад аз фармони мӯбад,
Хуришҳоро, ки ин нек асту он бад.
Ба май хӯрдан нишонд он гаҳ меҳонро,
Ҳам он фархунда бонуи ҷаҳонро.
Ба ҷоми хос май мехӯрд бо ӯ,
Сухан аз ҳар даре мекард бо ӯ.
Чу аз ҷоми набиди талх шуд маст,
Ҳикоятро ба Ширин бозпайваст.
Зи Ширин қиссаи оворагӣ кард,
Ба дил шодӣ, ба лаб ғамхорагӣ кард,
Ки бонуро бародарзодае буд,
Чу гул хандон, чу сарв озодае буд,
Шунидам, к-адҳами тавсан кашидаш,
Чу анқо кард аз ин ҷо нопадидаш.
Маро аз хона пайке омад имрӯз,
Хабар овард аз он моҳи дилафрӯз,
Гар ин ҷо як-ду ҳафта бозмонам,
Бар он азмам, ки ҷояш боздонам.
Фиристам қосиде, то бозаш орад,
Ба сони мурғ дар парвозаш орад.
Меҳинбону чу кард ин қиссаро гӯш,
Фурӯ монд аз сухан бесабру беҳуш.
Ба хидмат бар замин ғалтид чун хок,
Хурӯше баркашид аз дил шағабнок,
Ки он дур ку, ки гар бинам ба хобаш,
На дар доман, ки дар дарёи обаш,
Ба нӯки чашмаш аз дарё барорам,
Ба ҷон биспорамаш, пас ҷон супорам!

пешина
аз 349
навбатӣ