Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ба сарпанҷа машав чун шер сармаст,
Ки моро панҷаи шерафкане ҳаст.
Гавазни кӯҳ агар гарданфароз аст,
Каманди чораро бозӯ дароз аст.
Гар оҳуи биёбон гармхез аст,
Сагони шоҳро так низ тез аст.
Мазан чандин гиреҳ бар зулфу холат,
Закоте деҳ қазогардони молат.
Чу нили хешро ёбӣ харидор,
Агар дар Нил бошӣ, боз кун бор!
ПОСУХИ ШИРИН
Шакарпосух ба лутф овоз додаш,
Ҷавобе чун табарзад боздодаш,
Ки фаррух н-ояд аз чун ман ғуборе,
Ки ҳамтахтӣ кунад бо тоҷдоре.
Хари худро чунон чобук набинам,
Ки бо тозисаворе барнишинам.
Наям чандон шигарф андар саворӣ,
Ки орам пой дар шери шикорӣ.
Агар нозе кунам, мақсудам он аст,
Ки дар гармӣ шакар хӯрдан зиён аст.
Чу з-ин гармӣ баросоем якчанд,
Маро шаккар муборак, шоҳро қанд
В-аз ин пас бар ақиқ алмос медошт,
Зумуррадро ба афъӣ пос медошт.
Сараш гар саркаширо раҳнамун буд,
Тақозои дилаш, ё раб, ки чун буд!
Шуда аз сурхрӯӣ тез чун хор,
Хушо хоре, ки орад сурхгул бор!
Ба ҳар мӯе, ки тундӣ дошт чун шер,
Ҳазорон мӯи қоқум дошт дар зер.
Камони абруяш гар шуд гиреҳгир,
Карашма бар ҳадаф меронд чун тир.
Синон дар ғамза, к-омад навбати ҷанг,
Ба ҳар ҷанге-дараш сад оштиранг.
Намак дар ханда, к-ин лабро макун реш,
Ба ҳар лафзи «макун»-дар сад «бикун» беш.
Қасаб бар рух, ки гар нӯшам ниҳон аст,
Буногӯшам ба хӯрда дар миён аст.
Аз ин сӯ ҳалқаи лаб карда хомӯш,
Зи дигар сӯ ниҳода ҳалқа дар гӯш.
Ба чашме ноз беандоза мекард,
Ба дигар чашм узре тоза мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё