Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Рафту он духтарак хатто карда бошад чӣ?
– Чӣ хел хатто? Чун номи рўзноманигор дар парвандаи ҷиноятӣ пайдо шуд, корҳо расво мешаванд. Аз дур истода баъзеҳо ба кори милисаю прокуратура баҳо медиҳанд ва ҳарду мақомотро ба бекорагӣ муттаҳам карданӣ мешаванд. Дар асл бошад, кор тамоман дигар аст. Тафтишот зиндагиномаи ҷинояткорро варақ зада мефаҳмад, ки писарбачаи ў дар беморхонаи кардиологии Москва хоб аст. Аз ду сар онҳо муайян мекунанд, ки баҳри ҷарроҳии писарбачаи рўзноманигор чанд пул сарф намудаасту он пул аз куҷо сарчашма мегирад. Мефаҳмӣ?
– Акнун фаҳмидам.
– Набошад, гўш кун… Ҳотам Илёс нақшаи чӣ тавр аз байн бурдани Ёсуманро кашид ва Насим баҳри иҷрои он розӣ шуд…
… 22 …
Муфаттиши прокуратура нимирўзро сарфи пурсиши ҳамсари мудири бонки саҳҳомии «Кишоварз» намуд ва ними дигарашро дар сари андешаҳои ин пурсиш. Ҳар он чӣ ки Гулбарг Амон (Гулбарги Одина, Садорати Ҷумъа) гуфт дар тарозуи ақл рост намеомад. Фирдавси Ҳаким баъди рафтани ҳамсари марҳум Розиқ Амон ду маротиба аз нав сабти овозашро шунид.
Ҳангоми суханронӣ алами ҷавонзан аз шавҳар дида дар нисбати муҳофизи ў Маҷнуни Замир зиёдтар эҳсос мешуд. Дар рафти суҳбат муфаттиш ҳамин ҳолатро дуруст эҳсос накард, вале чун танҳо монду сабти овозро гўш кард ба хулосае омад, ки марги муҳофиз баҳри ҷавонзан талафоти ниҳоят бузургест.
Новобаста аз он, ки муфаттиш ба суханони Гулбарг Амон бовар кард, лекин нишондоди бевазан санҷиши дақиқеро талаб мекард. Бе асноди аниқу дақиқ қабул ва ё рад кардани ҳар як сухани зане, ки марги шавҳар боиси хушҳолиаш гашта буд ғайриимкон буд. Аз рўйи ваколат ў нишондоди ҳамсари мудири бонкро борҳо дар чаҳорчўбаи қонун ҷо ба ҷо карданӣ шуд. Дар нигоҳи аввал новобаста аз беҳаракатии хеш ҷавонзан имконияти пурра дошт, ки дар марги шавҳар манфиатдор бошад. Дар асл ҳам ҳамин хел буд ва дар марги шавҳар даст доштани ҷавонзан аз имкон берун набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё