Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Дар ин бора ман маълумоте ба даст оварда натавонистам, вале рафти воқеаҳо моро водор мекунанд, ки ҳам Сарвиноз ва ҳам Ёсуманро ҳимоя намоем.
– Чӣ касе ба онҳо таҳдид мекунад?
– Инашро намедонам, вале баъди марги Розиқ Амон, ки аҷаб нест аз даст ва ё бо амри шантажист кушта нашуда бошад, ҳар кор шуданаш мумкин. Оне, ки аз бадбахтии духтараке сармоя ҷустааст, акнун ўро чун шоҳиди номатлуб метавонад аз байн барад.
– То кадом андоза рафти ҳодисаҳо характери реалӣ доранд мо намедонем, вале чун назария мо ҳамаашро қабул мекунем.
Рафиқ капитан худи ҳозир аз пайи ҳамин кор шудан лозим.
Ҳарчанд мо насаби Ёсуманро ҳам надонем, вале ном ниҳоят камчин аст. Ҳамин тарафи кор айнан ба нафъи мост. Барои муайян кардани шахсияти Сарвиноз то фардо сабр карданамон лозим мешавад. Ҳа, дарвоқеъ фардо маросими видоъ бо мудири бонк ва муҳофизи ў будааст, вақт ёфта ба он ҷо рафтанатон шарт. Шояд ба мо муяссар шавад, ки…
– Қотилро дар ҳамон ҷо ёбем, – хандида гуфт Фирдавси Ҳаким.
– Кӣ медонад? Дар зери ин чархи гардун ҳама кор шуданаш мумкин. Ба ростӣ ман ҳам нисбат ба тақдири ҳамон духтарак, чӣ буд номаш?
– Ёсуман.
– Ҳа, Ёсуман дар ташвишам. Агар муҳтарам муфаттиш зид набошанд дар ҳамин ҷо худоҳофизӣ мекунем. Ман худи ҳозир ба сардори ШКД – и ноҳияи Сино занг зада…
– Лозим нест, рафиқ подполковник, мо худамон рост ба пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятии маҳаллаи 82 – юм рафта ҳамроҳи нозирони минтақавӣ аз пайи ҳамин кор мешавем, – гуфт Сорбони Ҳомид.
– Ман розӣ. Умуман имшаб ман дар ҳамин ҷоям, агар ягон ёрие зарур шуд, занг занед. Ёфтани Ёсуман ин вазифаи аввалин дараҷаи мост.
Сорбони Ҳомид ва Фирдавси Ҳаким бо рухсати сардори ШКД дафтари кориашро тарк намуданд.
– Каме сабр намо, ман ҳозир, – гўён ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ муфаттиши прокуратураро дар ошёнаи якум гузошта худ ба ошёнаи дуюм баромад ва лаҳзае пас баргашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё