Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Телефони хонаводаи онҳоро гирифтед?
Сарнозири минтақавӣ Аслонов рақами телефони хонадони Ёсумани Наботро ба қоғазе навишта, ба дасти Сорбони Ҳомид дод.
– Волидайнаш расми Ёсуманро наоварданд?
– Эҳтимол оварда бошанд. Сараввал онҳо ба ҳамин ҷо (пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ дар назар аст) омаданд, вале ман онҳоро ба бинои марказӣ фиристодам.
– Бо гумшудагон кӣ сару кор дорад?
– Капитани милиса Толеҳзода.
Сорбони Ҳомид бо Аслонов худоҳофизӣ намуда, аз назди сарнозири минтақавӣ баромад. Чун ба идора рафтан маъние надошт, ў ба самти муқобили роҳ гузашта, ба троллейбус нишаста, се истгоҳ ба тарафи ҷануб рафт ва боз ду сад – се сад метрро тай намуда дар рў ба рўйи ШКД – и ноҳияи Сино истод.
Сипас ба милитсионери дарбон ҳуҷҷати хешро нишон дода, вориди бино шуд. Навбатдори ШКД майори ғафсу қадпасте матлаби ўро шунида, тугмачаеро дар пулти калони дар пешаш буда зер кард.
– Капитани милиса Толеҳзода гўш мекунад, шунид ў овози мусоҳиби навбатдорро.
– Рафиқ, капитан, ба назди шумо ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид аз ШКД – и ноҳияи Сарчашма омадааст.
– Бемалол бошанд, панҷ– даҳ дақиқа сабр намоянд ман мебароям.
– Фикри шумо чӣ?
– Чӣ илоҷ бандаро роҳи дигар нест,– гўён Сорбони Ҳомид ба тамошо ва хондани амру фармонҳои дар пешайвони бино овехташуда пардохт.
Чун дар даҳлез ба ҷуз ў боз чанд нафари дигар ҳам интизори ба назди кормандони милиса даромадан буданд, нафаре аз кунҷи чапи бино то ба пеш даҳлез омада аз навбатдор пурсид:
– Канӣ ҳамон корманди милисае, ки бандаро суроғ намуд?
– Рафиқ капитан, ана ҳамин нафар ба суроғи шумо омадааст, – овоз рўшан кард навбатдор.

пешина
аз 558
навбатӣ