Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, ба ростӣ ман ягон чизро аз шумо пинҳон накардаам ва барои Сарвинозро ба бало гирифтор карданам тайёрам ба ҳама гуна ҷазо.
– Қонун нисбат ба рафтори шумо оҷиз аст, шумо танҳо дар назди виҷдони хеш ҷавоб хоҳед гуфт ва ман гумон мекунам, ки ҷазои виҷдон аз ҳама ҷазоҳои судӣ болост.
– Чаро қонун оҷиз будааст?
– Чунки шумо барои сирреро пинҳон кардан назди касе ва аз ҷумла назди давлат уҳдадорие надоред ва аз он чӣ ки занг зада дугонаатонро аз мақсади ташрифи муфаттиш огоҳ намудед, ин кори шахсии худи шумост.
– Модоме ки чунин аст, ман тайёрам ба корҳои шумо ёрӣ диҳам, бифармоед чӣ кунам?
– Гуфтам– ку мо бисёр мехостем шахсияти ҳамон милисаи калонро муайян намоем.
– Агар ман ўро ногаҳон дида монам, ҳатман ба шумо занг мезанам.
– Чун худи мо чунин имкон надорем, хуб мебуд, ки сари ин масъала як равшание меандохтем.
– Ман розӣ.
Фирдавси Ҳаким баъди андешаҳои зиёде нақшаи Раънои Бозорро дар амалиёти пешбинишуда муайян кард ва ба ў боз телефони Сорбони Ҳомидро низ дод. Чун Раънои Бозор протоколи пурсиши шоҳидро хонда аз дар баромад, муфаттиши прокуратура Сорбони Ҳомидро тариқи телефон аз рафти нақшаҳои якҷоя бо Раънои Бозор шинос кард…

... 39 …

Новобаста аз ҳама баҳсу талошҳои дирўза дар бораи мансаб бо Қудрат Ғайрат ва то ба андозае эҳсос намудани ҳамфикрии мусоҳиб дар ин бора тамоми шаб донишҷўи бахши ҳуқуқи Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ Робиаи Мансурро хоб набурд.
Ҳар он чӣ ки ў дирўз бо корманди милиса гуфт, аз самими дил гуфт ва дар ин бора касе ҳам ақидаи ўро дигар карда наметавонист. Ташвишу нигаронии дили нозуки духтарро сабаб дигар чиз буд, ин ҳам бошад он вохўрии яклаҳзаина ҳангоми гузаштан аз роҳ ва бо марди олимнамо рў ба рў омадан. Мисли оне, ки кулли мардуми хирадманд ҳангоми иҷрои амале аз рўйи мақоли халқии «ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд» сари маслиҳат менишинанд Робиаи Мансур ҳам тамоми шаб ҳамон як лаҳзаи вохўриро пеши назар оварду пеши назар…

пешина
аз 558
навбатӣ