Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Акнун чунинҳояш аз фалокати ба сари рўзноманигори варзида омада хурсанд шуданд, онҳо гумон доранд, ки Маъруф Остон аз роҳаш мегардад. Ҳаргиз ин хел набуд ва нахоҳад шуд, рафту агар худи ўро ҷисман аз байн бардоранд, ҳам рўҳаш бо коррупсия даст ба гиребон хоҳад шуд. Маъруф Остон рўзноманигори танҳо нест, ў як мактаби бузургест, ки кайҳо дар дили навқаламони ҷавон ошён гузошта. Ана, ҳамин хел бачаи Ҳакимбек, падари худат ҳам аз Маъруф Остон камӣ надорад, барои ҳамин ў ҳеҷ соҳиби вазифа нашуд, ки нашуд. Ҳарчанд ў аз марказ дур аст, вале ман медонам, ки ў чӣ гуна марди ҳақпарастест, аммо писараш андешаи рафторҳои падар накарда, дурўғ гуфтан хост.
– Бахтиёр Боқиевич шумо маро чӣ хел шинохтед?
– Шумо бо падаратон як себи дукафон, ба замми ин ман медонистам, ки шумо дар шаҳр муфаттиш кор мекунед ва чун шуморо дидам Ҳакимбекро ба ёд овардам.
Дар лаҳзаи аввал гумон намудам, ки шумо ба айёдати банда омадаед. Рафту агар шумо худатон пешдасти карда худро чун шиноси Маъруф Остон муаррифӣ намекардед, ман худам ришати суханро ба даст мегирифтам. Дар он сурат дигар ба муаррифии шумо ҳоҷат намемонд. Бубинед, шумо бо як амали ноҷойи хеш ҳам худ ва ҳам бандаро дар хиҷолат мондед.
Рафтори шумо кори меъмореро ба ёдам овард, ки хишти аввалро каҷ ниҳод ва девори ў то ба охир каҷ рафту каҷ…
– Ҳамааш бо гуноҳи ман шуд, чунки мехостам нисбат ба Маъруф Остон маълумоти бештаре ба даст оварам.
– Чӣ шумо гумон намудед, ки банда дар назди марди ношиносе, ки худро шинос ва ё дўсти ҳамкораш муаррифӣ мекунад дар бораи вай маълумот медодам?
– Ман ҳамин хел гумон намудам.
– Ин хаттои шумост.
– Чаро?
– Чунки ҳамарўза бо ҷиноят ва ҷинояткорон сару кор намуда аз асли зиндагӣ дур рафтаед.
– Санҷиши мақолаи Маъруф Остон «Коррупсияро бо пурбин наҷўед…»– ро ба зиммаи ман вогузоштаанд. Барои ҳамин бо муаллифи мақола вохўрданам лозим буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо