Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Аҷаб хубе,– гўён Шодмони Сафар аз дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ берун шуд.
– Ҳамон рўз ман танҳо як лаҳзаи вохўрии ногаҳониро бо он марди дар рў ба рўямон омада аз хотир бароварданам, – баробари аз дар берун Шодмони Сафар риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Робиаи Мансур.
– Хуш он кадом лаҳза буд?
– Мо расо соати 1855 дақиқа дар рў ба рўйи мағозаи молҳои омехта дар кўчаи Хуросон фаромадем. Ба ростӣ ман фаромадани набудам, вале худи Шодмон ба ронанда амр намуд, ки таксиро боз дорад.
– Чаро расо соати 1855 дақиқа мегўед?
– Чунки ронанда лаҳзае пеш вақтро пурсид ва Шодмон ба соати дастиаш, ки нурҳои фосфорӣ дорад нигариста гуфт, ки соат 1854 дақиқа ва ҳамон лаҳза амр намуд, ки ронанда автомашинаро боздорад. Чун суръат баланд набуд, автомашина аз қатори дуюм ба якум баромада, дар рў ба рўйи мағозаи молҳои омехта истод. Шодмон бо ронанда ҳисобӣ намуду мо фаромадем. Қисми аввали роҳро қариб, ки бе мамониат гузаштем, вале дар қисми дуюми роҳ таваққуф намуданамон лозим шуд.
– Чаро?
– Чунки новобаста бо бориши барф ва сардии ҳаво ҳаракати нақлиёт заррае коҳиш наёфта буд.
– Чун таваққуф намудед, чӣ шуд?
– Аз лаҳзаи аввали аз таксӣ фаромадан ману Шодмон худро зери як чатр гирифтем. Дар самти муқобил мардеро дидем, ки ба сўи мо наззора дорад. Ба ростӣ дар лаҳзаи аввал ман даступо хўрдам, чунки дар рўшноии автомашинаҳо симои он мард бароям шинос намуд.
– Шумо ўро шинохтед?
– Не, ман ўро нашинохтам, вале симояш бароям шинос намуд ва ҳоло ҳам гумон мекунам, ки ман ҳамон мардро дар куҷое вохўрдаам. Аз ҳамин лиҳоз, ман оҳиста ба гўши Шодмон гуфтам, ки беҳтар мебуд мо аз зери як чатр берун мешудем.
Шодмон бошад гуфт, ки ҳар як ҳаракати ноҷойи мо дар дили он мард, агар дар ҳақиқат ў шинос бошад, шубҳа бедор хоҳад кард. Дар ҳамин лаҳза мо ба истиқболи ҳамдигар ҳаракат намудем. Чун бо он мард рў ба рў шудем, ў нигоҳашро ба тарафи рост гардонид. Сараввал ман фикр намудам, ки ў ин амалро барои дар хиҷолат намондани ман ба анҷом расонидааст, вале дар интиҳо ба хулосае омадам, ки ў нигоҳи хешро аз нигоҳи мо барои он гурезонид, ки худ намехост мо ўро шиносем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо