Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Чаро туфлӣ тобистона, аз куҷо инро фаҳмидед?
– Чунки кадом одами боақл пеш аз саршавии зимистон туфлии зимистона мепўшад. Чун ҳамон бегоҳ нохост барф гирифт, ба фикрам ягон нафар бо либоси пурраи зимистона набуд.
– Лаҳзае пеш гуфтед, ки ў нимтанаи чармини сурх дошт, магар нимтана зимистона набуд?
– Зимистона буд ё не ман намедонам, вале нимтанааш чармин буда, ранги сурх дошт, аниқ.
– Акнун кўшиш намоед, ки ба суолҳои Тайиб Аҳмад ҷавоб гўед.
– Ман зид нестам.
– Ман бошам дар дафтари кории сардори бахш бо Шодмони Сафар суҳбат мекунам.
– Агар зид набошед, мо портретро аз рўйи суханони ҳар кадоме дар алоҳидагӣ бояд тартиб диҳем ба тарафи рассом нигариста гуфт Сорбони Ҳомид.
– Чаро ман зид бошам, худи қонун ҳам ҳамин ҳолатро тақозо мекунад,– гуфт рассом.
– Ба шумо барори кор мехоҳам,– гўён ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид донишҷў Робиаи Мансурро ҳамроҳи рассом гузошта берун баромад.
Шодмони Сафар, ки болои курсии чўбине машғули китобхонӣ буд, баробари вайро дидан аз ҷой бархест.
– Мо бояд дар алоҳидагӣ то кашидани расм аз рўйи суханони Робиа бону суҳбат намоем.
– Зид нестам.
Сорбони Ҳомид ба яке аз дарҳои рў ба рўйи дафтари кориаш ангушт зада, баробари рухсат гирифтан ҳамроҳи Шодмони Сафар вориди он шуд…
... 45 …
Сармуҳосиби бонки саҳомии «Кишоварз» Султон Назар тамоми рўз сари вохўриҳои дишаба дар тарабхонаи «Душанбе»
бо Ҳотам Илёс дар андеша буд.
…Только из за этого мы все под колпаком19 гуфтани Ҳотам Илёс чун садои путк ба гўшаш садо медоду садо…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо