Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Модоме ки чунин аст, пас ў гунаҳкор аст. Аҷиб ки ба ман ҳамон симо ниҳоят шинос намуд. Ҳа, дар ҳақиқат ман ўро дар саҳни мактабамон дидагӣ. Ба ёдам ҳаст ки ў бо либоси низомӣ омада буд. Сари китфонашро ду ва ё шояд се ситораи калон оро медод. Не, ў генерал набуд, вагарна ман мефаҳмидам.
Рахҳои сурхи шалвораш чун рахи шалвори генералҳо набуд, вале ситораҳои сари китфонаш калон - калон буданд, мисли ситораҳои сари китфони сардори ШКД ноҳияи Сарчашма, ки имрўз пеш аз оғози кор бандаро Сорбони Ҳомид ба наздаш бурда чун рассоми машҳур муаррифӣ кард. Пас куҷост он машҳурии банда, ки симои дидаамро ба хотир оварда наметавонам. Ҳа, дар ёдам мондааст, ки ҳамон вақт кадоме аз ҳамкорон он марди низомипўшро: муаллим тамошо кун Сталин омадааст, гўён муаррифӣ карда буд. Ҳа, ҳамааш ҳамин хел буд ва акнун ман на он сухангўйро ба ёд оварда метавонаму на он марди ба Сталин монандро… Боз шон рассоми хизматнишондода будааст…
Рассом нашуда мур…
То фардо агар муроде ҳосил нашавад бандаро ба ҷуз нишон додани ин симое, ки акнун ҷузвдонро ба иҷора гирифтааст, дигар чорае намемонад… Шояд он мардро кадоме аз ҳамкорон ва ё донишҷўён шиносанд. Баҳри нишон додани симои дар ҷузвдон буда танҳо қиссае (легенда) зарур аст. Ў андешаҳои хешро сари як нуқта баҳри дарёфти он қисса равона кард…
Агар дил бихоҳад аз чашми кур ҳам об меравад гуфтагӣ барин қисса ҳам ёфт шуд…
Не, дар ҳақиқат касби пешакардаи Сорбони Ҳомид нисбат ба касби вай шебу фарозиҳои зиёдтаре дорад. Магар ботини шахсеро, ки ният ба кори баде дорад, фаҳмидан имкон дорад?
– Ҳаргиз,– нидо омад аз ғайб.
– Пас чӣ гуна метавон гуноҳи кардаашро дайн сохт?
– Агар чун шикастабанд зиндагиномаи яке аз тарафҳоро (ё ҷабрдида ё ҷинояткор) бо ҳам дуруст пайвандӣ,– нидо омад омад аз қалбаш.
– Яъне аз зоҳир ботини ў бихонӣ,– зери лаб бигуфт рассом ва чун акси садои дили хеш нашунид, каме осуда шуд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо