Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ман полковники милиса Ҳотам Илёс.
– Бу..бу..бубахшед, рафиқ полковник.
– Аминам, ки вохўриат бо муфаттиш нағз гузашт.
– Нағз. Ман ягон сухани баде дар шаъни шумо нагуфтам, рафиқ по..по..пол..ковник.
– Бовар намекунам, – гўён Ҳотам Илёс бо дили ҳазин гўшакро ба ҷояш гузошт…
... 56 …
– Ин чӣ бедодгарӣ?
– Худаш чӣ гап?
– Гўё намедонед?
– Чиро?
– Он чӣ ки инҳо маро аз хонаам бе ягон асос кашола карда ба ин ҷо оварданд.
– Бовар намекунам.
– Ба кӣ?
– Ба шумо.
– Чӣ хел бовар намекунед.
– Ҳамин хел оддӣ. Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки инҳо (Сорбони Ҳомид ба тарафи он ду милисае, ки рўзноманигор Маъруф Остонро пешандоз карда оварда буданд ишора намуд) чаро шуморо бе асос ба ин ҷо овардаанд, шояд шумо ягон гуноҳе доред?
– Чӣ хел гуноҳ? Хамаи гуноҳам ҳамин, ки ду моҳ пештар тариқи рўзномае, ки банда дар он ҷо кор мекунам коррупсияро ба зери тозиёнаи танқид гирифта будам.
– Ҳамааш ҳамин?
– Ҳамин, дигар ман чӣ гуноҳ дорам? Бубинед, барои сухани ҳақ бандаро таҳқир намуданд.
– Марҳамат гузашта шинед, ҳамаашро санҷида мебароем, рафту агар шумо гуноҳе надошта бошед, мо аз шумо узр пурсида гуселатон мекунем, – гўён Сорбони Ҳомид курсиеро ба рўзноманигори ҳанўз дар иҳотаи милитсионерон буда нишон дода, он ду милисаро рухсати рафтан дод.
– Ман инҳоро ҳамин хел намедонам, то ба вазир мебароям ва собит месозам, ки инҳо ҳуқуқи шаҳрвандиии бандаро поймол намуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо