Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Баъди чунин як амали таҳқиромез боз шумо бандаро ба оромӣ даъват мекунед?
– То шумо ором нашавед ,мо суҳбатамонро давом дода наметавонем.
– Модоме ки онҳо маро бо амри шумо кашолакунон ба милиса овардаанд, ман донистан мехостам, ки ба кадом асос?
– Ҳамин чизро мо ҳам донистан мехостем, аҷаб нест, ки шумо дар куҷое пой бар болои қонун намонда бошед?
– Маълум ки шумо ҳам ягон балоро намедонед ва бандаро кўр–кўрона дар асоси амри «боло» ба ин ҷо даъват намудаед.
– Сабаб?
– Шумо худатон нағз мефаҳмед, ки сабаб чист?
– Ман ягон чизро нафаҳмида истодаам, хуб мешуд, ки маро бо ман шинос мекардед.
– Ин ҳамааш аз рўйи ҳамон мақола. Демократия гуфта ҳама чор мезананду касе тоқати шунидани сухани ҳақро надорад.
– Кадом мақола?
– Гуфтам – ку банда дар рўзномаи «Айём» адои вазифа дорам ва ду моҳ пештар ман дар ҳамон рўзнома «Коррупсияро бо пурбин наҷўед…» ном мақолае навиштам. Тайи ду моҳ ҳама хапу хомўш буданд ва мебинам, ки имрўз ҳама сар бароварданд.
– Шумо гумон доред, ки мо аз рўйи ҳамон мақолаи навиштаатон имрўз ҳуқуқи шаҳрвандиатонро вайрон намудем.
Ҳамин хел?
– Он чи ки айён аст чӣ ҳоҷат ба баёнаш?
– Яъне ки шумо ба ҷуз ҳамон мақола, дигар ба ягон қонуншикание роҳ надодаед?
– Магар рўзноманигоре ки навиштаҳояш мақбули ҳамагонанд метавонад ба ягон қонуншиканӣ роҳ диҳад.
– Чӣ хел мақбули ҳамагон?
– Гумон мекунам, ки шумо он мақолаи бандаро нахондаед, вагарна ҳоло бо ман баҳс намекардед.
– Баръакс, ман мақолаи шуморо хондам ва на як бор…
– Пас маълум мешавад, ки он мақола ба шумо писанд наомадааст.
– Мақола маъқул шуд, вале мебинам муаллифи мақоларо суханаш бо амалаш як нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо