Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Не, ў ҳеҷ гоҳ чун Сталин шуҳратёр шуда наметавонад ва ҳама сангзаниҳои таърихшиносони навбаромад симои бузурги он марди гурҷиро, ки номаш замоне ҷаҳонро ба ларза оварда буд дар оинаи таърих сиёҳ натавон кард…
Ҳар он ки Шаҳноза гуфт, малҳами дили дардмандаш нагашт, чунки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Ў куҷою Иосиф Висарионович куҷо…
Ҳотам Илёс ҳатто аз тамокукашиҳои Сталин, ки тариқи филмҳои бадеӣ дида буд ҳасад, мебурд. То кунун ягон чеҳрае тамокуро чун Сталин дуд надодааст. Ҳарчанд Ҳотам Илёс чобук надошт, вале дуди тамоку писандаш буд. Ў хокистари тамокуи дар дасташ бударо ба хокистардони мармарини болои мизи кориаш афшонда боз онро ба зери лаб гирифт…
Фаввораи дуд аз даҳону биниаш боло шуда, ба қавле майнаи сарашро аз ҳама балову офатҳои заминӣ эмин доштанӣ мешуданд. Мавҷи хаёлоти ў бо фаввораи дуди болои сараш омехта шуда, боз ҳамон хоби субҳгоҳиашро ба ёд овард.
Бубин, ки дар чиллаи зимистон дар ҳоле, ки руди шўхи Бўстонак қариб хушк аст, туғёнҳои баҳории он ба хоби ў даромаданд ва бо ҳама гуна паҳноии хеш мавҷи дарё ўро ба тарафи новаи осиёб бурд.
– Чаро?– нидо омад аз қалби хазинаш.
– То чархи осиёб ўро пора– пора созад…
Эҳтимол ҳангоми ба тарафи нов рафтан ў дод гуфт, вале Ороста дар ин бора сухане ба забон наовард. Бубин, чархи қисмат ўро аз авҷи хурўши дарё берун сохт, то барояш ҷазои мудҳиштареро «фароҳам» оварад. Охир дарё метавонист ўро буғӣ намояд, вале ҳамин ҳолатро барояш нокифоя шумурда бо амри Худованд ўро ба чилхонаи осиёб бурданӣ шуд то ҷисмашро майда– майда созаду туъмаи ҷонварҳои дарёӣ намояд.
Ва мардумон ҷисми сарди ўро наёбанду ба хок насупоранд. Касе надонад, ки қабри ў дар куҷост…
Худоё чи даҳшате…
Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чаро муаллиф расми ўро ба девори синф овехтааст. Акси ў танҳо мешуд, боке набуд, чи хеле Шаҳноза гуфт чунин аксҳо даҳ то будаанд ва ҳамаашон қариб як сину сол. Ў низ дар либоси ғайринизомӣ. Охир ду– се маротибае, ки ў ба омўзишгоҳи рассомӣ рафт, дар либоси низомӣ буд. Ситораҳои сари китфонаш на танҳо таваҷҷуҳи донишҷўён, балки устодони омўзишгоҳро низ бедор карда буд.

пешина
аз 558
навбатӣ