Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Муфаттиши прокуратура тугмачаеро дар диктофон зер кард ва лентаи сабти овоз ба қафо тоб хўрд. Сипас даст ба тугмачаи дигар бурд ва ҳаракати чархро боздошт то бифаҳмад дар дунё чӣ гапу калочаҳо…
Боз даст ба тугмачаи дигаре бурда гўш ба қимор шуд.
– Гўед он мардеро ки дар тарабхонаи «Бону» ба Насим супориш дод, ки шуморо то манзилатон гусел намояд, бубинед мешиноседаш?
– Намедонам, мумкин шиносам, мумкин нашиносам.
– Насим чӣ хел бори дуюм шуморо ба вохўрӣ даъват намуд?
– Дар ёдам нест, вале ман таклифи вайро барои дуюмбора ба тарабхонаи «Бону» рафтан рад намудам. Мо дар қаҳвахонаи «Зарнигор» вохўрдем.
– Намегўед, ки Насим чӣ кора аст ва ўро чӣ насабест?
– Не.
– Гуфтед, ки ба иҷрои амалиёт танҳо баъди ба суратҳисоби беморхонаи кардиологӣ гузаштани маблағи муайяншуда розӣ шудед?
– Ҳа, баъди оне, ки Ҷамила аз Москва занг зада ҳамин хабарро гуфт, ки маблағи мазкур пурра ба суратҳисоби беморхона дохил шуд.
– Шумо чун як фарди солимақл андеша накардед, ки…
– Дар он лаҳзаҳо ман ба ҷуз ҳамин роҳ роҳи дигареро надидам, ба ман бовар намоед.
– Магар аз боварии мо дигар суде ҳаст?
– Намедонам.
– Ба кирдори хеш чӣ хел баҳо медиҳед?
– Баҳояшро ман аллакай аз Офаридгор гирифтам ва боварӣ ҳаст, ки қонун сари бандаро сила нахоҳад кард.
– Шумо имконият доред, ки ба тафтишот ёрӣ диҳед ва суд ҳангоми эълон намудани ҳукм ҳамин ҳолатро ба инобат хоҳад гирифт.
– Барои ин ман бояд чӣ кор кунам?
– Пеш аз ҳама симои ҳамон марди дар тарабхонаи «Бону»
дидаатонро ба ёд биёред?
– Ҳа, як ҳолати симои ў дар ёдам мондааст.
– Мо шуморо гўш мекунем гап занед.
– Нисбат ба ронанда ў қади паст дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо