Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ба тафтишот осон набуд гуноҳи вайро дарк кардан, вале…
Фирдавси Ҳаким ва Сорбони Ҳомид кўшиданд, ки бо далелҳои раднашаванда гуноҳи вайро дайн намоянд… Акнун ў ду пойро ба як мўза андохтанӣ шуда, ҳамаи гуноҳро ба гардани Ҳотам Илёс бор кардан мехост ва аз тафтишот талаб мекард, ки вайро бо ҳамкасбу ҳамкеши хеш, ки дар байнашон кору фаъолият дошт ва ба ҷойи иҷрои вазифаҳо ба шантажи мардум даст дошт, рў ба рў намоянд. Бо ин амал ў ба оташи дили Асад Ғанӣ руған мепошид ва сарнозири қонун дарду аламашро аз милиса гирифтан мехост…
Маҳз ба ҳамин хотир барои ба эътидол овардани муносибати кормандони худ бо прокуратура Ҳамид Ҷовид шоми 29– ум ба 30 декабр маҷлиси гурўҳи тафтишотиро даъват намуд. Ба ҷуз кормандони милиса ба маҷлис худи Асад Ғанӣ ва муфаттиш Фирдавси Ҳаким низ даъват шуданд. Маҷлис расо соати бистуяк дар дафтари кории сардори ШКД оғоз шуд. Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ Ҳамид Ҷовид оғоз намуда тамоми ҳозиронро ба ҷашни дар пешистодаи соли нав табрик намуда қайд кард, ки чанд рўз боз кормандоне, ки аз рўи парвандаи ҷиноӣ рақами 466 кору фаъолият мебурданд, шабро шаб ва рўзро рўз нагуфта, дар ҷустуҷўйи Ҳотам Илёсанд. Ба ҷойи он ки мо ҳамаи ин меҳнати ҳамкорони хешро ба инобат гирем, баръакс як муҳити носолимеро ба вуҷуд овардаем.
– Чӣ хел муҳити носолим, маҳз бо гуноҳи кадоме аз кормандони милиса Ҳотам Илёс аз асрори мо огоҳ гашта фирор кард ва ман кўшиш мекунам, ки кафшҳои чунин нафарро пеши пояш монам, то ба дигарон ибрат шавад,– шурида рафт Асад Ғанӣ.
– Пеши пой мондани кафшҳо гурехта намеравад ва беҳтар мебуд, ки сараввал худи Ҳотам Илёсро дастгир мекардем.
– Бе шумо ҳам мо ўро дастгир мекунем,– паст наомада гуфт прокурор.
– Бе мо гуфта киро дар назар доред?– пурсид Ҳамид Ҷовид.
– Прокуратураро…
– Ором шавед рафиқ прокурор,– риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Фирдавси Ҳаким ва боз илова намуд: – Аз он чи ки шумо милисаро дар фирори Ҳотам Илёс гунаҳкор карда истодаед, ақли кас намегирад. Касе шуморо ба муқобили милиса барангехтааст аз кору пайкори ин коллективи тифоқ огоҳ нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо