Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Сода будӣ занак, о чи тавр метавонам ман ба ту бовар накунам. Ҳар чи кардам ва ба кадом роҳе рафтам ҳамаашро ба хотири ту ва фарзандон кардам.
– Шуд, шуд ман агар мефаҳмидам, ки чунин рўз ба сарамон меояд, ҳеҷ гоҳ ҳамақидаи худат намегаштам. Ман ҳайронам, ки чи тавр онҳо гуноҳи соле пештар содирнамударо собит месозанд?
– Онҳо ба ҳама кор қодиранд.
– Акнун ту нияти аз ҷумҳурӣ баромада рафтан дорӣ?
– Маро дигар илоҷе нест, фақат аз ту як илтимос ба Шаҳнозу Камолҷон мефаҳмонӣ, ҳар он чи ки нисбат ба падаратон мегўянд, ба ҷуз туҳмат дигар чизе нест, чунки ҳангоми кор ў садди роҳи бисёр қаллобу ҷинояткорон гашта буд. Хайр, худат медонӣ, ки чи гўйӣ муҳимаш, ки бачаҳо ба бегуноҳии ман бовар кунанд. Оё ту ба ман ваъда дода метавонӣ, ки бачаҳоро бовар мекунонӣ.
– Ман мекўшам.
– Ин ҳанўз ҷавоб нест.
– Ҳа, ҳа, ҳа…
– Ана ин гапи дигар, охир ту рўҳшиносӣ.
– Рафту агар супоришат дар масъалаи гирифтани шиноснома ҳал нагардад чӣ?
– Худат ягон роҳашро меёбӣ, бигузор панҷсад доллар гўянд бигузор ҳазор доллар гўянд, не нагўед!
– Рафту…
– Дар он сурат ман маҷбур мешавам бо роҳи ғайрирасмӣ сарҳадро убур намоям.
– О, дар сарҳад ҳар кор шуданаш мумкин…
– Ман роҳи дигареро намебинам ё сарҳадро убур мекунам, ё боқии умрамро дар маҳбас дар ёди шумо паси сар мекунам.
– Рафту агар … ва Ороста гап заду гап.
Ў ба хонаи дигар гузашта сари ҳамон пешниҳоди Ороста андеша дошту андеша ва ба хулосае омад, ки роҳи дурустареро ёфтан ба гумон. Бо ҳамин фикру хаёлҳо ўро хоб бурд…

... 62 …

Соли нав ҳам гузашту моҳи январ ҳам. Ва рўзи аввали моҳи
феврал ҳам паси сар шуд. Аз он барфу боронҳо ва рўзҳои сарди зимистон қариб, ки нишоне намонд.

пешина
аз 558
навбатӣ