Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Фирдавси Ҳаким чӣ?
– Ў инсони хубест, вале мо наметавонем ўро низ ба муқобили шефаш гузорем. Аз ин рў фикр мекунам, ки муфаттиш моро мефаҳмад.
– Ихтиёр шуморост.
– Акнун рав тайёриатро бин, ба фикрам соате пас мо ба оғози амалиёти дастгиркунии Ҳотам Илёс мепардозем.
– Хуб шудааст, рухсат диҳед равам, – аз ҷой хеста ба таври низомӣ соқҳои туфлиашро ба ҳам зада гуфт Сорбони Ҳомид.

... 64 …
Киро гуфтед?
– Ҳотам Илёсро.
– Чунин бемор дар беморхонаи мо нест.
– Аниқ?
– Ман чи гуфтанамро медонам.
– Мо ҳам.
– Наход гумон созед, ки мо ўро пинҳон мекунем.
– Шояд ў бо дигар ном дар ин ҷо хобида бошад.
– Намедонам модоме, ки шумо чунин меҳисобед беҳтар мешуд, ки расми вайро меовардед.
Сорбони Ҳомид аз ҷузвдони чармини дар дасташ буда расми Ҳотам Илёсро бароварда болои мизи кории сардухтур гузошт. Сардухтур он расм ба даст гирифта, хело ба он чашм дўхта ниҳоят гуфт:
– Маро бубахшед.
– Яъне ин кас ҳамин ҷост? – ба расм ишора намуда пурсид Сорбони Ҳомид.
– Бале, аммо ному насабаш дигар.
– Хуш, ўро чӣ ному насабест?
– Маҳмуд Зариф. Бо ҳамин ном ўро ба беморхона оварданд. Гуфтанд, ки шиносномааш гум шудагӣ. Ман худам бо ў суҳбат намудам. Девонаи тапа тайёр, як суханаш аз аршу дигараш аз фарш, шумо бошед бандаро бовар кунониданӣ мешавед, ки ў ҷинояткор асту то ин дам дар милиса вазифаи калонеро ба дўш доштаст. Боварам намеояд. Ба ростӣ боварам намеояд…
Сорбони Ҳомид аз ҷузвдон аллакай ба як гўшаи мизи дафтари кории сардухтур гузошташуда расми дигареро ки аз делои шахсии Ҳотам Илёс аз шуъбаи кадрҳои ВКД гирифта буданд, бароварда назди сардухтур гузошт.

пешина
аз 558
навбатӣ