Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди ду– се дақиқа марди паҳлавонҷуссае рухсат пурсида вориди дафтари кории сардухтур шуда, баробари дидани марди бегона худро муаррифӣ намуд:
– Сафар Шеров муовини сардухтур.
– Сорбони Ҳомид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз ШКД-и ноҳияи Сарчашма.
– Сафар Шерович дар беморхонаи мо ЧП.
– Шуморо нафаҳмида истодаам Холида Баротовна, – изҳори нигарони намуд Сафар Шеров.
– Марҳамат гузашта шинед, ҳозир ҳамаашро мефаҳмед, – гуфт сардухтур ва чун муовин дар курсии рў ба рўи Сорбони Ҳомид нишаст, Холида Баротовна ўро бо рафти воқеаҳо огоҳ сохт…
– Қариб бист сол аст, ки ман дар ҳамин беморхона кор мекунам ва бори аввал мешунавам, ки ҷинояткор беморхонаи касалиҳои рўҳиро ҷойи сарпаноҳи хеш интихоб карда бошад, – гуфт Сафар Шеров.
– Марҳамат аз наздик ба бемор шинос шавед, – гўён Холида Баротовна ду расми Ҳотам Илёсро, ки то омадани муовинаш бо рухсати Сорбони Ҳомид ба ғаладони мизи кориаш гузошта буд, бароварда пеши Сафар Шерович гузошт.
– Эй лаънатие, боз милиса будааст, – зери лаб ғунгос зад Сафар Шеров расмҳоро аз назар гузаронида истода.
Баъди машварати на чандон тўлонӣ бемор Маҳмуд Зарифро ба дафтари кории сардухтур оварданд. Дар рафти суҳбати сардухтур ва муовинаш бо бемор Сорбони Ҳомид ҳамроҳи ду ёрдамчиаш вориди дафтари кории сардухтур шуда, ба дастони бемори дар тааҷҷуб афтида ҳалқаи оҳанинро тоб доданд…

... 65 …

– Ба куҷо? – пурсид ронандаи ёрии таъҷилӣ.
– Ба прокуратураи ноҳияи Сарчашма.
– Чаро ба милиса не, эътироз намуд ҳамон милисае, ки ҳалқаи оҳанин дасти ўро бо дасти «бемор» мепайваст..
– Колайи бад ба соҳибаш насиб кунад, бигузор Асад Ғанӣ ормон шиканад. Акнун кунда мекафад ё ҷувоз барои мо фарқе надорад.

пешина
аз 558
навбатӣ