Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Кадом Насим?
– Насим Ёдгор ҳамон додархондатон.
– Бигузор омада гўяд, ки ман ба ў супориш додам.
– Худатон нағз медонед, ки он кас омада наметавонад.
– Чӣ хел ман нағз медонам?
– Ҳамин хел оддӣ, охир то кунун касе аз он дунё наомадааст, ки вай биёяд.
– Гуфтаниед, ки ўро ҳам куштанд?
– Куштан ин кам аст ўро таркониданд.
– Кӣ?
– Ҳамон касе, ки ў барояш шоҳиди номақбул ҳисоб меёфт.
– Чӣ ўро ҳам ба гардани ман бор карданиед?
– На танҳо ўро.
– Дурустар гап занед?
– Насим ва маҳбубааш Сарвинози Зоҳирро, ки хабаркаши ғайрирасмии шумо буд, маҳз шумо аз дорулбақо ба дорулфано роҳхат додед.
– Ман на Насимро мешиносаму на Сарвинозро фаҳмидед!
– Ҳа, албатта, вале дар ин ҷо мо шоҳиде дорем, ки ҳамагӣ чанд соат пеш аз таркиш бо супориши шумо баҳри Насим варақаи корношоямӣ оварда додааст.
– Дурўғ.
– Ба ёд биёред вохўриатонро дар қаҳвахонаи «Олами роз».
Бечора Сарвинози Зоҳир ҳам замоне дар ҳамин қаҳвахона кор мекард ва бо як хабари хеш шуморо соҳиби як қаср намуд.
Шумо бошед ҳамон духтараки бечораро, ки аз дасти Розиқ Амон ситам дида буд, бо дасти Насим ба ҳалокат расонидед, хабаркашро бошад ҳамроҳи қотил тариқи таркиш ба ҷаҳанам фиристонед.
– Розиқ Амон ва муҳофизашро ҳам Насим парронидааст?
– Шумо нағз медонед, ки ўро кӣ парронд ва ба ивази «хизматаш» шумо аз пулҳои аз Султон Назар гирифтаатон барои табобати писарбачаи шашсолааш ба «Беморхонаи кардиологии Москва» шаст ҳазор доллар ирсол намудед.
– Шуд, шуд ман дигар тоқати шунидани ин гапҳоро надорам. Акнун чӣ мешуда бошад?
– Беҳтар буд, ки шумо ба гуноҳатон иқрор мешудед.

пешина
аз 558
навбатӣ