Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

БА ҶОЙИ ЭПИЛОГ
Гуноҳи хешро Ҳотам Илёс ҳангоми эълон намудани айб пурра ба зимма гирифт. Ў аслан дар марги Розиқ Амон ва муҳофизаш Маҷнун Замир Султон Назарро ҳамчун супоришдиҳанда ба қалам дод. Ҳангоми шиносоӣ Маъруф Остон ўро шинохт. Аз зери кўпруки маҳаллаи «Ҷавонон» тапончаи тамғаи Макаров, рақами ГВ 1368, барориши соли 1988 ёфт шуда, чун далели шайъӣ гирифта шуд.
Ҳангоми гузаронидани эксприменти тафтишотӣ Ҳотам Илёс чи тавр ба автомашинаи Насим Ёдгор гузоштани норинҷакро нишон дод. Ҳамаи амалиётҳои тафтишотӣ бинобар вазнин буданашон ба навор гирифта шуданд.
Тафтишот барои дидаю дониста пинҳон намудани ҷинояткор дар Беморхонаи касалиҳои рўҳӣ аз болои духтури рўҳшинос Каримова Парвина Сабуровна парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд. Тафтишот ҳамчунин аз болои Гулнози Солеҳ ва Вайс Тошмат ба мақомоти болоии ҷойи корашон пешниҳод ирсол намуд…
Ба мақсади кам кардани гуноҳи хеш ҳамсари Ҳотам Илёс Илёсова Ороста Баҳромовна ҷузвдони сиёҳи ба амонат гузоштаи шавҳарро баъди як ҳафтаи боздошти ў ба тафтишот супорида ба қавле ба амонат хиёнат кард.
Бо ҳама ҷаҳду талошҳои хеш Асад Ғанӣ ҷурме барои милисаҳо наёфт.
Ҳангоми пурсиш додарарўси Ҳотам Илёс Шерзамони Баҳром ҳақиқатро ба тафтишот гуфта дод, ки қасри сохтаи ў моли худаш набуда, ба язнааш Ҳотам Илёс тааллуқ дорад.
Тафтишот нисбат ба дугонаи Ёсуман Набот Қиммат ва модари ў Хуршеда Атоевна чорае дида натавонист, чунки ҳарду ҳам баъди ҳодисаҳои ба сари Ёсуман овардаашон ҷумҳуриро тарк карда, дар кадоме аз мамлакатҳои Араб панаҳ бурда буданд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо