Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Чўйборо кӣ параду оҳашро кӣ гўяд гуфтагӣ барин амалиётро Маъруф Остон анҷом доду оҳашро Насиму бародари қиёматиаш Ҳотам Илёс кашиданд. Дуюминро аслан имшаб хоб набурд. Баъди суҳбати на чандон тўлонӣ бо фарзандон Ҳотам Илёс рост ба хонаи хоб даромад. Ҳарчанд ў қариб, ки баъди нисфирўзӣ луқмаи ноне ба даҳон набурда буд, вале дари иштиҳояш баста буд. Баъди оне, ки Насим тариқи телефон аз анҷоми амалёт гузориш дод, фикру ақидаҳои мухталифе дар майнаи ў ба ҳуҷум гузаштанд. Аз он ки Розиқ Амон курсии мансабро бой дод айби худаш. Рафту ў агар қайсари намекарду аз гапи муовини сардори РКД-и шаҳри Ховарон сар намепечид, кӣ медонад боз чандин сол сари курсии мансаб мемонд? Рост гуфтанд, ки деворро об вайрон мекунаду одамро пул. Дар он шабнишинии ашрофзодагон ў ҳатто андешаи сухани хеш накард…
Ҳотам Илёс аз ҷой бархеста, тугмачаи шабчароғро пахш кард. Хона дар ҳолати нимторикию нимрўшноӣ қарор гирифт.
Ҳотам Илёс аз қуттии «Кайҳон» як дона сигор гирифта ба тарафи ошхона рафт. Чун чароғи хонаи кории фарзандон кайҳо хомўш шуда буд ў фаҳмид, ки шаб аз нисф ҳам гузаштааст. Ҳотам Илёс сигор даргиронда, болои курсии на чандон мулоим паҳлўи тиреза нишаст. Чун фаввораи дуди сигор фазои ошхонаро иҳота кард Ҳотам Илёс тирезаро бикушод… Шамоли серун ҳамоно ба сару рўяш зада, ҳавои дохили ошхонаро бо ҳама дуду рутубаташ то ба пешайвон тела дода бурд. Ҳаракати ҳавои сарди аз берун дохилшуда мақоли халқии «муши беруна омада, муши дарунаро аз манзилаш ронд»–ро ба ёди соҳибхона овард. Ў аз тирезаи кушода ба берун наззора кард. Дар зери рушноии фонусҳои кўчагӣ заминро пурра дар зери барф дид.
Ба қавле зимистон дар як шаб шаҳри зебоманзари ўро ба зери тасарруфи худ дароварда буд. Чун ў нигоҳашро ба боло, ба осмон дўхт дар ягон ҷо ситораеро ҳам надид. Замин дар зери барф буду осмон дар паси тудаи абрҳо…
Вай чанд муддате, ки дар ошхона буд, ҳатто аз тирезаи кушода ҳам боре овози фурудоӣ ва ё бархостани тайёраҳоро нашунид. Хост аз пешайвон ба Насим занг занад, вале боз андеша кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё