Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Дар деҳ ҳам дигар қариб ҷавонон намондаанд, аксарият аз пайи қути ломуте ба Россия рафтаанд. Ҳатто ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Намедонам ба онҳо чӣ шуда бошад?
– Онҳо мебинанд, ки ҳамсолашон рўйи роҳ истода, барои командирашон солярка металбад, дилашон аз армия хунук мешавад. Охир, ин хизмат нест, балки мутлақо роҳзанист, аз ин рў фирор мекунанд.
– Гапи худат ҳам ҷон дорад, бачам. То интизоми қавӣ нашавад, то қонун амалӣ нагардад, беҳбудиеро интизор шудан нашояд. Ҳоло ҳамаи кўру шал, ки номашро навишта наметавонад, ман мегўяд. Чунки бо роҳи тағобозию порадиҳӣ сари мансаб меояд, ҳол он ки дар замони ҳукумати тотолитарӣ, ки имрўз ҳама танқидаш мекунад, чунинҳояшро дар подабонӣ ҳам роҳ намедоданд. Агар командири ў дар ҳақиқат мактаби ҳарбӣ хонда бошад, қонунро фаҳмад, магар аскарашро барои талбидани ду литр солярка рўй роҳ мемонад. Ў намефаҳмад ки бо ин рафтораш шаъни ҳам худ ва ҳам давлатро паст мекунад? Мефаҳмад,вале як бору ду бор, ки ба чунин амал даст зада ҷазо нагирифтааст, мазахўрак шудааст ва аз будани қонун ҳам фаромўш намудааст.
Кирдори аскарбачаҳои ҳаммиллати хешро дида, ронанда давраи хизмати хешро пеши назар овард:
– Тўйчӣ Ҷалол шояд аз охирин сулолаи мардони Деҳбаланд буд, ки дар сафи собиқ Армияи Советӣ хизмат намуд.
Ҳанўз ду моҳ аз хизматаш сипарӣ нашуда буд, ки воқеаҳо оғоз шуданд. Дивизияи онҳо низ ҳамон шабу рўз бо фармони вазири мудофиаи мамлакат аз ҳолати омодабош ба ҳолати ҷангӣ қарор гирифт. Ба тариқи дигар гўем дивизия ГК ЧП (государствений комитет по черезвичайное положение – комитети давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода) –ро дастгирӣ намуд.
Он шабу рўз, ки ў нав ҳаждаҳро пур карда буд, аз куҷо медонист, ки сиёсат ва сиёсатбозӣ чист? Командири дивизияи механиконидашуда генерал - майор Шаталов Борис Данилович дар майдони назди дивизия, ки афсарону аскарони полкҳо ва баталиону дивизионҳо гирд омада буданд, аз трибуна ба воситаи баландгўяк баромад намуда, сиёсати пешгирифтаи Горбачёв М.С. ва бозсозии беандешаи ўро дар сохти давлатдорӣ сиёсати нодуруст арзёбӣ намуд. Ў аз ҳамаи ҳайати шахсии дивизия хоҳиш намуд, ки баҳри пойдор мондани музаффариятҳои Инқилоби кабири Октябр ГК ЧП–ро дастгирӣ намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор