Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо ин амали хеш онҳо собит намуданд, ки касе бо мо нест, ў бар зидди мост…
Аслан Тўйчӣ Ҷалол симои Борис Даниловичро тез–тез пеши назар меорад. Ў марди паҳлавонҷуссае буд, ки либоси генералӣ ба танаш ниҳоят шинам ва зебанда менамуд. Мегуфтанд, ки замоне аз болои комдив парвандаи ҷиноӣ оид ба хиёнати ватан оғоз намуданд, ў ҳамагӣ чилу ду сол дошт. Агар ин бозии тақдирсоз намебуд, шояд Шаталов унвони баландтаринро дар артиш соҳиб мешуд. Шаталов қурбони дасисабозиҳои сиёсатбозон гашт. ГК ЧП ин як баҳонае буд барои шинохтани хешу бегона ва сиёсатбозон онро дар бозии ифлоси хеш истифода бурда тавонистанд. Лўхтаки асосӣ дар ин бозии қисмат худи Горбачёв буд, ки аз беандешагӣ ва ноуҳдабароии худ тақдири зиёда аз дусаду панҷоҳ миллион ҳамватанашро ба коми аждаҳо партофт. Ўро агар чун беандешатарин сиёсатмадори дунё ба котиби Гиннес дохил намоянд, меарзад.
Барои як сухан Борис Даниловичро аз вазифа сабукдуш намуда, аз болояш парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, барои хиёнат ба ватан муттаҳам намудан хостанд. Вале онҳоеро, ки барои курсии мансаб шуда, ватанро пора – пора карда, ба қисмҳо ҷудо намуданд, озодона гаштанд. Се марди худозада аз ноуҳдабароии Горбачёв истифода бурда, худро ҳокими мутлақи давлатҳои славянӣ эълон карданд ва ҳатто ба маҷлиси худ Горбачёвро ҳам даъват накарданд. Гўё барои ин се майзада аслан Горбачёв вуҷуд надошт.
Се марди худозада, се майзадаи тайёр, се ҳилагари айёр ватани бузургро ки аз номаш тамоми олами сармоя чун барги бед меларзид, ба пораҳо, ба қисмҳо тақсим намуда, ба тақдири зиёда аз сад миллат ва дусаду панҷоҳ миллион аҳолии дўсту тифоқи он хати батлон кашиданд. Вале касе онҳоро барои хиёнат ба ватан гунаҳкор накард…
Акнун Тўйчӣ Ҷалол худро баъзан таскин бар он медиҳад, ки рўзе фаро мерасаду таърих ҳукми хешро аз болои он се худозада ва як нобакори беандеша, ки бозсозиаш сарашро хурд, мебарорад…
Шоми 25 декабри соли 1991 ки ба воситаи телевизиони марказӣ аввалин ва охирин Президенти СССР Горбачёв дар бораи барҳам хўрдани сохти давлатдории СССР аввалин давлати коргару деҳқон, ки шоҳу гадо дар як сатҳ буд хабар дод, чун доғи сиёҳ дар дили Тўйчӣ Ҷалол боқӣ монд…

пешина
аз 558
навбатӣ