Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Як шабонарўз боз мо роҳи худатро интизор. Ҳамин автомашинаи 73–18 аз они худат?
– Бале, ронандааш ман, чӣ гап?
– Хабар гирифтем, ки сафедӣ дорӣ.
– Чӣ хел сафедӣ?
– Гўё намедонӣ.
– Аз куҷо донам?
– Гера, героин, маводи мухаддир.
– Агар бовар кунед, надорам ва агар бовар накунед марҳамат ҷустуҷў намоед.
– Вазнинат меафтад.
– Чӣ?
– Натиҷаи ҷустуҷў.
– Майлаш, агар ёфтед, мувофиқи қонун маро ба маҳкама кашед.
– Оҳҳо, ин қадар қонундон шуда рафтед– ку? Ё қонун барои шумо бозича аст.
– Майлаш, ана автомашина дар ихтиёратон.
– Тайникат дар куҷост?
– Ман гапамро гуфтам, агар хабар гирифта бошед, бояд дар куҷо будани тайник ва бори дохили онро ҳам донед.
– Хубаш, ки биё ягон чиз парто ва мо туро надидему ту моро.
– Чӣ партоям?
– Впервые замужом! Гўё намедонӣ, ҳақи моро парто ва чор тарафат қибла, нимтоҷикию нимрусӣ гуфт сержант ва милитсионери қаторие, ки ҳамроҳаш буд қоҳ–қоҳ хандид.
– Ягон ҳақро интизор нашавед, ана автомашина ҷустуҷў намоед ва маро дар асоси қонун ҷазо диҳед.
– Командир биё мон ин муттаҳамро.
Тўйчӣ Ҷалол хост, ки аз гиребони ин ҳомии қонун, ки аз талбандае беш набуд гирифта, адабашро диҳад, вале астағфурилоҳ гуфт.
– Худат муттаҳам, агар дар ҳақиқат милисаӣ, гуфтам– ку автомашина дар ихтиёрат ва ё не, ман ба куҷо арз карданамро медонам.
– Эй рав гум шаве, ҳушёр бош, ки ягон рўз ба дастам наафтӣ,– таъкид кард сержант ва ронанда автомашинаро ба ҳаракат даровард.

пешина
аз 558
навбатӣ