Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳоло ў дар беморхонаи Қарияи боло. Автомашинаро бошад то кунун наёфтанд.
– Он силоҳбадастон киҳо буданд?
– Кӣ медонад? Милиса то ҳоло онҳоро дастгир накардааст.
Аз рўйи ҳодисаи мазкур дар милиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
– Сабабаш ҳамин будааст, ки дар роҳ қариб нақлиёт нест.
– Ҷаври ҳамаи ин омада ба сари мардуми бечора мезанад.
Мардум аз як даҳон нони хўрдан ҳам мемонанд. Аз рўйи як ду кўзапушт шуда… Имрўз таги он дўлона истода ба ҷон расидам, то пешин ҳамагӣ бо мошини худат се кас гузашт аз инҳо боз ду тоаш мошини сабукрав. Солҳои пеш дар ҳамин роҳҳо на кам аз сесад мошин мегузашт, оҳ кашида гуфт мўйсафед…
– Аслан дар ин роҳҳо шабона рафтан хатарнок аст. Ҳоло ки шом нашудааст, то ягон ободӣ рафтан даркор.
– Ин ҳамааш як гап аст. Қисмати одам азалист ва лаҳзае пас чӣ мешаваду чӣ не, касе намедонад. Хайр як ҳодиса шудааст ва аз рўйи он хулоса баровардан на аз рўйи инсоф аст. Дузду ғоратгар ҳам мавриди муфид мепоянд. Охир онҳо муши паррон нестанд– ку?
– Дузду ғоратгар ҳам чун муши паррон рушноиро хуш надорад ва ба гумон аст, ки дар рузи рушан амалиётеро анҷом дода тавонад. Ба ҳар ҳол ман метарсам, биёед беҳтараш ана дар он деҳае, ки намоён шуд, шабро рўз намоем.
– Худо худаш нигоҳ дорад. Чаро метарсидем? Мо ду касем.
Тўйчӣ Ҷалол ба қомати хамидаи мўйсафед нигариста, аз дил гузаронд, ки аз дасти ин мўйсафеди фартут чӣ меомада бошад? Рафту агар ягон ҳодисае рух диҳад, ў чи хел ба ман ёрӣ медода бошад? Метарсам аз он, ки ба сари худи ў ҳодисае ояду боз худамро ба кашкаш андозам.
– Шумо гумон накунед, ки ман тарсуям бобо. Худораҳматии бобоям, руҳаш шод бод ҳамеша таъкид мекард, ки «битарсед аз оне, ки ў натарсад, аз Худо». Онҳое ки то имрўз яроқро барои манфиати нопоки хеш ба замин нагузоштаанд, худоношиносанд. Дар чунин роҳҳои кўҳӣ бо онҳо дучор омадан оқибати нек надорад.
– Ману худат ҳамин хел андеша мекунем. Дар асл бошад ин хел нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор