Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ин бори аввал нест– ку, шояд ягон гапи муҳим доранд, рафту ҳамин рафтани ман сабаб шаваду онҳо хатоии хешро фаҳмида аз роҳи бад гарданд. Агар наравам, пас онҳо чӣ мегўянд?
– Ҳар чи ҳам гўянд, бало ба пасашон, то фардо сабр кунанд, осмон ба замин омада намерасад,– эътироз кард модар.
Мўйсафед ҳам ба тарафдории ҳамсараш хест ва гуфт ки то субҳ сабр кардан лозим.
– Ҳеҷ гап нест, шояд ҳамин дафъа ба ман муясар шавад, онҳоро бовар кунонида тавонам, ки бар зидди якдигар яроқ гирифтан ин ҳали кор нест ва ҳама гуна кор бояд бо роҳи гуфтушунид ҳал шавад,– гўён Шодӣ аз ҷой бархест. Падар ҳам ҳамроҳаш азми ба назди қумандон рафтан кард, вале Шодӣ зид баромад. Гуфт агар фаҳманд, ки ман тарсидам аз ду сар гапам ба онҳо кора намекунад. Беҳтар аст, ки худам танҳо равам.
Наход дар зодгоҳи худ ман гашта натавонам. Бигузор онҳое тарсанд, ки силоҳ ба даст гирифтаанд…
Интизори ниҳоят тўл кашид ва мўйсафед посе аз шаб гузашта ба тарафи масҷид, ки силоҳбадастон онро ба штаби худтабдил дода буданд, рафт. Рафту дар гирду атрофи масҷид касеро надид. Ҳатто чароғе ҳам дар деҳа фурўзон набуд. Дарро кушода вориди масҷид шуд. Гўгирд зад… Тамоми саҳни дохили масҷид ва беруни онро дар рушноии гўгирд дид, вале деворҳо қасам мехўрданд, ки дар ин инҷо касе набудааст. Аз силоҳбадастон на пай буду на ҳайдар.
«Шояд Шодӣ ба хона рафта бошад» – аз дил гузаронд мўйсафед ва боз ба хона омад, вале аз писараш дарак набуд. Дандон ба дандон монда мўйсафеду кампираш фарорасии субҳро интизор шуданд. Дар он шабу рўз тирзаниҳои бемаврид як одат шуда буд. Он шаб ҳам чандин бор аз ҳар гўшаю канори Роғ садои тир акси садо дод.
Субҳи рўзи дигар дар дараи Харгўшӣ, ки аслан самти ҳаракати силоҳбадастон гашта буд, ҷисми беҷони панҷ нафарро дарёфтанд, ки дар байни онҳо Шодӣ Гул ва қосиди ў низ, ки ҳамон шаб омада буд буданд.
Сўзу гудози мардумро ҳаду канор набуд, вале ҳамаи ин танҳо дар аввали кор буд, ниҳоят хунрезиҳо зиёд шуда, мардум ба ҳамааш гўё одат намуданд ва Шодӣ Гулро низ аз сафҳаи хотираҳо хат заданд. Ҳолатҳое шуданд, ки як ё ду нафар мардони дар деҳ монда мурдаҳоро шабона ба хок месупориданд.

пешина
аз 558
навбатӣ