Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ў марги модари хешро ба сари модари угай бор карданӣ мешуд. Бо азобе синфи даҳро хатм кард. Пеш аз ба армия рафтан бо Соро ном духтари ҳамдеҳааш дил бохт. Онҳо бисёртар дар лаби чашма, ки дар паҳлуйи хонаашон буд, вомехўрданд. Аз чӣ бошад, ки модари угай инро аз ҳама пештар фаҳмид. Дар давоми чор – панҷ соли баъди вафоти модар ў боре ҳам сатил гирифта, ба лаби чашма намерафт ва яку якбора обёр шуданаш тааҷҷуби модари угайро бештар кард. Не, ў дар ягон ҷо овоза накард, баръакс шод шуд, ки Тўйчӣ ба Соро дил додааст ва дар ин бора шабе дар танҳоӣ ба падари Тўйчӣ гапзанон кард. Гуфт, ки мисли Соро дар Роғ зебосанам нест ва агар ў келинаш шавад сари Зулайхо (модари угайро чунин ном буд) ба осмон мерасад.
– Ҳоло ў кўдак аст, ишқро чи мефаҳмад,– мегуфт падар ва ин суханонро ў вақте ки аз бозӣ гашт аз паси дар шунид. Мисли оне ки Сороро дўст медошт, модари угайро низ дўст дошт ва рўзи дигараш дарди дилашро ба модари угай гуфт. Маҳз, ишқи Соро ўро ба модари угай наздик кард ва аз модари угай чун модари худ баҳри ба даст овардани Соро мадад ҷуст.
Модар ўро ором кунонида гуфт, ки дар ин бора бо модари духтар гапзанон мекунад. Он вақт Соро дар синфи ҳашт мехонд. Ҳафтае пас Соро дар лаби чашма хабар дод, ки модарам розӣ аст, ки ман келини апаи Зулайхо бошам. Сипас, ўро ба сафи армия гирифтанд ва онҳо муддати шаш моҳ бо ҳам мукотиба карданд…
Мегўянд, ки аз тақдир роҳи гурез нест ва ҳар кӣ ин сухан гуфтааст, авлиёи барҳақ аст, вагарна ҳамин мўйсафед пеш аз ман ду автомашинаро боз доштааст, вале онҳо маън накардаанд, чунки дар тақдирашон кашмакаш набудааст ва тақдир бандаро ба «хизмати» ў овард…
Шояд риштаи умраш боқӣ буду то ба имрўз расид, вагарна қумандон Бориқ, эй хуше Бориқи хар ба хотири баланд бардоштани рўҳияи ноибаш ўро сари як тир мекард. Беҳуда нагуфтаанд, ки пора санги хораро об кардааст ва маҳз ҳамон рўзи сарди зимистон ў ва ҳамаи онҳое ки ҳамроҳаш аз шаҳр омада буданд ба дурусти ин суханон бовар карданд. Тўйчӣ Ҷалол ки худ ҷавони ҷаҳонро бо чашми нек медидагӣ буд, дар ҳамин лаҳзаи душвор, вақте ҷисми беҷони роҳзан рўйи роҳ мехобид, дар байни ҳамин кўҳҳои сарбафалаккашида вохўрии аввалинашро бо қумандони Бориқи хар ба ёд овард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор