Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соатҳои 1530 дақиқа Шамсиддин автмашинаро дар рў ба рўйи дидбонгоҳи мазкур нигоҳ дошт ва туҳфаҳои барои ин дидбонгоҳ гирифтаашро ки аслан аз нону ҳасиб иборат буд гирифта, ба дидорбини қумандон рафт. Ҳанўз ў чанд қадам гузошта буд, ки яроқбадасте аз хайма берун омад ва амр намуд, ки ў дар ҷояш истад. Маълум буд, ки яроқбадаст аллакай маст аст.
– Куҷо меравӣ?
– Ба назди командир.
– Ин ҷо ҳама командир, ба назди кадомаш?
– Ба назди акаи Бориқ.
– Чӣ аз ҷонат сер шудаӣ, ки номи командирро шикаста талафуз мекунӣ.
– Ба назди Бориқи хар.
– Ана ин гапи дигар. Дар халтаат чӣ дорӣ?
– Камтар нону ҳасиб овардам.
– Арақ чӣ?
– Не, арақ наовардам.
– Нону ҳасиб сарата хурад, о арақ меовардӣ мемурдӣ, вофчики лаънатӣ. Акнун раву ҳо ана вай телевизорро гирифта ин ҷо биё.
– Охир вай моли ман нест командир.
– Барои ман фарқ надорад. Халтаро ба ман деҳ ва аз пайи супориш шав, вагарна ҳам худат ва ҳам соҳиби телевизорро сари як тир хоҳам кард.
Шамсиддин бо қошу қавоқи гирифта, ба назди автомашина баргашт ва амри ноиби командирро ба самъи ҳозирин расонд.
Ноиби командир ба хайма даромада, халтаро монда баргашт. Дид, ки касе дар фикри иҷрои супоришаш нест ва чанд тир аз болои сари ҳозирин зад. Дар ҳамин ҷо Тўйчӣ Ҷалол аз вазъи ҳақиқӣ авзои сиёсии мамлакат бехабар эътироз кард.
– Эй онаи туро… гўён ҳамон силоҳбадаст бо қундоқи автомат ба синаи Тўйчӣ зад. Тўйчӣ ки худ аслан ҷавони чорпаҳлуст дар як мижа задан ноиби командирро ба замин зада яроқашро кашида гирифт ва қоматашро рост карданӣ шуд, ки касе аз қафо бо ягон чизи сахт ба сараш зад…
Чун ба худ омад болои сараш чанд низомипўшро дид.
Овози гиряю фиғонро шунид. Илтиҷойи зану мард ба гўшаш расид, ки ҷони ўро аз қумандон хариданӣ буданд…

пешина
аз 558
навбатӣ