Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд Қудрат дар аввалҳо бачаи бад набуд, вале бо роҳи бад рафт, сараввал нашъаҷаллоб ва баъд наркоман шудааст.
Падари Соро ҳамин чизро дидаву дониста ба ивази молу пули зиёде Сороро ба Қудрат додаасту ба бахташ зомин шудааст.
Моҳе пеш аз таваллуди тифл ў аз хурсандии бисёр ҳангоми сўзанзанӣ дозаи онро зиёдтар намуда, олами ҳастиро падруд гуфтааст. Ягона нишони ин зиндагии якҷоя низ ҳамроҳи модар истодан нахоста, ба ҷустуҷўйи падар рафту модарро сари гаҳвораи зору сабил баҳри лолойи хондан танҳо гузошт…
Падараш пеш аз ба армия рафтанаш гуфт, ки то баргаштанаш Соро духтари қонунӣ мешавад ва ман ўро келин мекунам.
Албатта, дар ин масъала ҳиссаи модари угай бештар буд, чунки ба ў муясар шуда буд, ки шавҳараш падари Тўйчиро ба гап дарорад. Дар ин бора ҳатто ҳамаи аҳли деҳ хабар доштааст. Падари Соро ҳам зид набудааст, вале Тўйчӣ, ки наомадааст рўзе Барот гуфтааст ки аз рўйи бачаи Ҷалоли Тоҷиддин шуда ман бахти духтаракамро хазон намекунам ва худи ҳамон шаб хостгорҳои Қудрат ба дари хонаи Шаҳром ангушт заданд.
Наомадани ў низ шояд аз тақдири бади Соро будааст…
– Шаб дар кадом ҳолат бошад,– ниҳоят гулу рўшан кард мўйсафед ва ронандаро аз байни андешаҳояш берун овард.
– Чӣ гуфтед?
– Мегўям шаб дар кадом ҳолат бошад.
– Аз он чи ки моҳтоб то ҳанўз набаромадааст шаб то ҳанўз нисф нашудааст.
– Чӣ ҳамин хел меистем?
– Надонам.
– Ягон чора ҷустан лозим.
Онҳо боз соате бо ҳам маслиҳат намуданду сари як масъала қарор гирифтанд…
Ҳар ду як пири рўзгордида ва ҷавоне, ки дар умраш ба ҷуз кори нек дигар чизеро ба худ раво намедид, пой бар болои қонун гузоштанд…
Автомашина пардаи зулматро дарида, нишебу фарозиҳои роҳи пурпечутоби кўҳиро чун марди солхўрда, ки ба ягон ҷо шитоб надорад ва ё шитоб дораду барои ҳаракати тезтар нафасаш тангӣ мекунад, мулоим паси сар мекард. Ҳарчанд нишастагони автомашина бисёр мехостанд, ки тезтар ба манзили хеш бирасанд, вале… Кўҳистон роҳҳое дорад, ки қандата хуру гарданшахи намо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор