Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамсараш ин гапро шунида аз хона берун омад. Ў ҳеҷ гоҳ ҳамин хел тез омадаин шавҳарро аз шаҳр ёд надошт.
– Ҳа, дадаи Шодӣ, ин хел тез омадӣ, набераҳо ҳама нағзанд, келин чи хел, корҳои Шоди ҷуна буд кардӣ?– яку якбора суолборон кард мўйсафедро кампираш Анор.
– Омадам, набераҳою келин салом гуфтанд, корҳои Шодӣҷун буд нашуданд.
– Чаро?
– Тобам гурехт, қариб мурда будам, ҳатто ба ягон идора ҳам рафта натавонистам.
Мўйсафед вориди хона шуда, болои кўрпачае, ки Суман андохта буд нишаста даст ба дуо бардошт ва дар ҳаққи гузаштагон фотиҳа хонда, даст ба рўй кашида пурсид. Мардум медонанд ки ман куҷо рафта будам?
– Не. Пурсиданд ман гуфтам, ки набераҳоро хабаргирӣ рафтааст.
– Ҳаминаш беҳтар.
– Набераҳоро наовардӣ?
– Ҳама дар дарс, баназдикӣ имтиҳонҳо сар мешаванд, чи хел меомаданд.
– Дарс, дарс гуфта мешинӣ, ҳар як нохондаҳое «мулло»
шуданд, ки…
Ин ҳамааш муваққатист тинҷию оромӣ шавад ин нохонда муллоҳо, ки ҳама муаллиму муаллима шуданд, чун Аҳмади порина боз ҳамон асою кетмани хеш хоҳанд гирифт.
– Дирўз дар мактаб оши худоӣ доданд.
– Дар мактаб оши худоӣ ин ба кадом хотир? Бори аввал мешунавам, ки дар мактаб оши худоӣ медоданд, пас чойхонабаҳри чист?
– Оши худоӣ ба хотири Икроми Қаландар. Дар он ҷо ҳамаи калонҳо иштирок намуданд ва хотираи неки фарзанди барўманди диёрро ёд карданд. Суман бо чашмони ашкбор омад.
– Чӣ хел бо чашмони ашкбор?
– Хоҳари Икром гуфтааст, ки бобои ту он рўз маъракаро қариб вайрон кунад, ҳаволатон ба Худо.
– Ва Суман чизе нагуфтааст.
– Суман чӣ ҳам мегуфтааст. Охир ў ҳоло кўдак аст. Баъди анҷоми маҷлис китобҳояшро гирифта, бо чашмони ашкбор ба хона омад. Маросими оши худоӣ баъди маҷлиси тантанавӣ баргузор гардидааст.

пешина
аз 558
навбатӣ