Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қандата хўру нафареро соате бештар дар милиса нигоҳ дод. Ҳар як ҷинояткор аз лаҳзаи аввали дастгиршавиаш ҳуқуқи гирифтани адвокатро дорад ин сеюм. Чорум сафед кардани ҷинояткор аз тарафи суд ба ҷойи парвандаи ҷиноиро барои тафтишоти иловагӣ баргардонидан. Ана, баъди ин ёбу гир…
Тайи чанд рўз ў аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба хабарномаҳои хеш ҷавоб гирифт, вале то ҳанўз шахсияти мақтуле, ки субҳи 26 апрели аз соҳил дарёи Сароб ёфт шуд, муайян карда нашуда буд ва маҳз ҳамин ҳолатҳоро имрўз раиси ноҳия сустии кори милиса номид ва кормандонро қариб ба бекорагию ноуҳдабароӣ айбдор кард…
Абдумаҷидов аз ҷуздони махсусе, ки дар ғаладони кориаш меистод, рўзномаи «Садои мардум» –ро ба даст гирифт. Маҳз дар ҳамин рўзнома таҳти рақами 105 /355/ аз 3 июни соли 1992 «Қонун дар бораи милиса» нашр гардида буд. Дар моддаи 7–и қонуни мазкур дар бораи ташкили милиса ва тобеъияти он гуфта шудааст:
«Милиса дар фаъолияти худ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад, ҳамчунин таҳти назорати Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўроҳои дахлдори депутатҳои халқ ва кумитаҳои иҷрояи онҳо (ба истиснои масъалаҳои фаъолияти ҷиноятию просесуалӣ, маъмурию юридиксионӣ ва амалиётҳои ҷустуҷўйӣ) қарор дорад ва ба онҳо ҳисобот медиҳад»…
Чӣ чашмбандии зебое. Дар ҳақиқат Воҳид Камол бисёр бамаврид қайд кард, ки ҳатто баъди истиқлолият ба даст оварданамон ҳам мо аз ҳамин хатои таърихӣ даст накашидем.
Наход чунин як сохтори мукаммалро ки ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дўш дорад, ба тобеъияти дутарафа гузоранд. Чунин Воҳид Камол ангуштшуморанд шахсоне, ки баҳри беҳбудии сохти милиса овоз баланд мекунанд. Вай бо далелҳои раднашаванда системаро ба зери танқид гирифт ва акнун Мустафоев то ҷон дар рамақ дорад баҳри аз вазифа дур кардани ин капитани қайсар талош хоҳад кард.
Шояд оне ки баъди ташкилёбӣ милисаи коргару деҳқон (Рабочая крестянская милиция) милисаро ба итоати дутарафа партофт, ҳатто ба ивази ин кори хеш аз сарватмандони сарнагунгаштаи сохти капиталистӣ, ки бо ҳар роҳу восита ба системаи давлатдории инқилобӣ дохил шуда буданд, миллионҳо рубл ва ё доллару фунт стерлинг пора гирифта, ҳатто доҳии пролетариати ҷаҳонро ба иштибоҳ андохт.

пешина
аз 558
навбатӣ