Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Расо баъди се соат маҷлис ба охир расид ва ҳозирин толори маҷлисгоҳро тарк карданд. Ҳама байни худ Воҳид Камолро муҳокима мекарданд. Тарафдорони Фарҳод Азамат боварӣ доштанд, ки акнун Воҳид Камол сарашро хўрд…
Абдумаҷидов низ ҳарчанд дар маҷлис сурху сафед шуд, вале хафа набуд, чунки он чи ки Воҳид Камол дар баромадаш нисбати ў гуфт мутлақо рост буд. Ҳарчанд сухани рост талх аст, вале ваколатдори кофтукови ҷиноӣ фаҳмид, ки танқиди сардор ин баҳри бартараф кардани камбудиҳо буд. Худораҳматии бобояш ҳамеша мегуфт: дўст гўяд табарвор душман гўяд шакарвор…
Абдумаҷидов сари суханони имрўзаи сардори ШКД хело андеша кард. Ў ба ҷасорату мардонагии Воҳид Камол қоил шуд…
Моҳи феврал ў дар факултаи ҳуқуқшиносии яке аз мактабҳои олии шаҳр дар бораи «Пешгирии ҳолати ҷинояткории ҷавонон» бо лексия баромад намуд. Маҳз баромади ў баҳсу муҳокимаи доманадореро ба амал овард. Аз баромади донишҷўён фаҳмид кулли нафароне, ки дар донишгоҳ беҳтар мехонанд, нияти ба корҳои тиҷоратӣ даст задан доранд. Нафароне, ки умуман майли хондан надоранд ва баҳоро бо ҳар восита мегиранд, замонаро-замонаи доду гирифт арзёбӣ намуда, худ низ бо ҳамин пайраҳа рафтанианд. Яъне хонандаи мактаби олӣ то ҳанўз даст ба кор назада, дар фикри гирифтани пора аст.
Абдумаҷидов сари суханрониҳои имрўзаи Воҳид Камол андеша карда ба хулосае омад, ки чаро мақомоти қонунбарор ҳамин ҳолатҳоеро ки ҳукумати ноҳияҳо беасос ба милиса таъсир мерасонанд, намебинанд. Масалан, Мустафоев то куҷоҳо фикр дорад? Агар ба ҷойи Воҳид Камол дигар кас мебуд, магар чунин гап мезад?
Дар кори чандинсолаи хеш Абдумаҷидов ин фишоровариҳои ҳокимияти маҳалро на як бору ду бор дида буд ва баромади имрўзаи Воҳид Камол ин як зарбае ба чунин як сохтор буд. Албатта, соате пас Мустафоев ба болоҳо занг зада суханони сардори ШКД–ро боз ба анча обу ранг ба гўши хоҷаҳояш мерасонад ва чораи пешгирии ин корро талаб мекунад. Аҷиб чӣ мешуда бошад? Охир қариб ҳамаи системаҳо ба дифои ҷинояткорон бархестанд ва милиса байни чор дарё мондааст.
Аввал ҳукумати маҳалу дуюм прокуратура бо баланд кардани назорат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор