Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар тўли ду ҳафтаи охир касе ба суроғаш наомад ва дар ин субҳи содиқ корафтодаеро аз пеши дарвозаи ҳавлии хеш ноумед карда рондан ин сараввал ба ризқи хеш зомин шудан буд…
Ў чунон ба андеша рафт, ки бинанда гумон мекард дар ҳалли кадом муодилаи тригонометрие дармондааст ва ниҳоят марди корафтода аз нав гулу рўшан кард ва ронанда Тўйчӣ Ҷалолро аз байни андешаҳояш берун овард.
– Чӣ гўям?
– Ихтиёр шуморост, ҳарчи дилатон хоҳад, агар имконият надошта бошед, ман аз пайи ягон каси дигар равам.
– То имрўз касе аз пеши манзили мо ноумед нарафтааст ва сухани шуморо ҳам ман шикаста наметавонам.
– Қулуғи бисёр, – даст пеши бар гирифта гуфт он мард.
– Акнун ба хона дароед, як чой нўшида меравед.
– Ташаккури зиёд, як вақти дигар.
Баъди нисфирўзӣ ронандаи деҳбаландӣ бо дувоздаҳ тонна гандум ба роҳ баромад. Соҳиби бор шояд аз азоби роҳ воқиф буд, ки баъзе корҳои дигарро баҳона карда, ҳамроҳи ў рафтан нахост.
– Шарти мо ин хел набуд бародар,– хост эътироз намояд Тўйчӣ Ҷалол, вале соҳиби бор ба ў ҳатто имконияти сухан гуфтан надод.
– Медонам бародар, ки шарти мо ин хел набуд, вале кори хона ба бозор рост намеояд, боз як кори таъҷили баромад, ки онро иҷро накарда рафтани ман маъние надорад. Бовар намоед ман бо худат фардо дар фаромадани ағбаи Харгўшӣ ҳамроҳ мешавам.
Дар суханони соҳиби бор ягон муболиғе набуд, чунки баромадану фаромадани ин ағбаи панҷовуду километра барои автомашинаи «Камаз» бо чунин бори вазнин қариб ҳафт соат вақтро талаб мекард. Ҳарчанд дар баромадгоҳи шаҳр мусофирони зиёде даст бардоштанд, вале ў суръатро паст накарда гузашт. Зеро ў ҳангоми нушидани шир сухта буд ба қавле дўғро пуф карда нўшидан мехост.
Дар бунгоҳҳои доимии милиса, ки назорати роҳро ба дўш доштанд, суръатро паст мекард ва агар милитсионере даст бардорад автомашинаро бо эҳтиёт бозмедошт ва бо милитсионер фаромада гарм вохўрӣ мекарду дуои ҳомии қонунро гирифта боз роҳашро давом медод…

пешина
аз 558
навбатӣ