Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар танҳоӣ боз сари воқеаи шаби
12 ба 13 апрел рухдода андеша мекард.
…Ҳамон шаби наҳс ў таклиф намуд, ки ҷисми беҷони роҳзанро ба ҷари партоянд. Яроқашро ҳам аз қафояш. Вале мўйсафеди роғӣ розӣ нашуд. Гуфт одам аз хок омадааст ва бояд ба хок равад. Манзили охират дошта бошад, то ақаллан роҳгузаре сари он манзил дуо намояд…
Пўсткандаи гап, ки ў суханашро гузаронида натавонист.
Фикр кард. То андозае фикри мўйсафед ҳам ҷон дошт. Дар гирду атроф гўр намудани мақтул аз имкон берун буд, ҳама кўҳу санг. Ниҳоят то ҳаде, ки имкон дошт нақши хеш аз он манзил рабурда, ҷасади роҳзанро ба бирзент (палатка) печонида яроқашро низ бо худ гирифта, ба роҳ баромаданд. Хостанд ўро дар даштҳои Сармобарак ба хок супоранд, вале дар ду – се ҷойе, ки маън намуданд, аз дур рушноии автомашинаҳои ба тарафашон омадаро дида, аз райъашон гаштанд ва ниҳоят ба хулосае омаданд, ки мақтулро ба ҷойе мебаранд, ки самти ҳаракати ўро касе ба гўшаи хотир ҳам оварда натавонад. Тўйчӣ Ҷалол, ки боре дар соҳили дарёи Сароб истироҳат намуда буд, фикри хешро ин даъфа ба мўйсафед собит карда тавонист. Он шабу рўз ағба маҳкам буд ва қариб, ки шабона ба он тараф ҳаракати нақлиёт дида намешуд ва боз дар чунин бевақтии шаб… Ниҳоят онҳо зери арчаи яккаи соҳил чукрие канда ҷисми беҷони роҳзанро таги хок намуданд. Яроқашро бошад барои эҳтиёт дар масофаи дусад қадам аз арча ба рафти ҷараёни об зери харсанги калоне гузошта, болояшро бо регу шағал пўшониданд. Чун онҳо назди автомашина баргаштану онро боз рўйи роҳи калон бароварданд, фаромада ҷойи нақши чархҳои «Камаз»– ро, ки болои сангу реги паҳлуи роҳ монда буданд, бо корҷомаи кўҳнаи ронанда, ки ҳангоми таъмир мепўшид, руфта тоза карданд. Умуман, дар тамоми ин давра ва ҳатто дар роҳ то дохилшавӣ ба шаҳр эҳсос карданд, ки касе онҳоро надидаст.
Баъди ду рўз ҳангоми таъмир ба ў калиди 32–36 лозим шуду ҳарчанд онро кофт аз он нишоне наёфт ва ба хотир овард калидро ки дар болояш 73–18 навишта шуда буд, дар ҷойи ҳодиса дар байни километри 94–95 фаромўш намуданд. Хост ҳамоно ба ҷойи ҳодиса рафта, онро ҷустуҷў намояд, вале боз тарсид, ки мабодо касе омадани ўро интизор бошад. Маҳз гум шудани калид тайи ду ҳафтаи охир ўро ором нагузошт, ки нагузошт ва имрўз баъди таътили тўлонӣ ў боз азми гузаштан аз ин роҳ, аз ҷойи ҳодиса дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор