Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

«Ҳоло мўйсафеди роғӣ дар куҷо бошад»,– аз дил гузаронд вай. Ҳамон шаб вақте ки онҳо ҷисми беҷони роҳзанро ба автомашина бор карданд, мўйсафед тамоми роҳ ҳарф зад. Ў дарди дили хешро ба ронанда кушода дод. Дили Тўйчӣ Ҷалол ба ин марди ҳафтоду панҷсода, ки тамоми талхию шириниҳои рўзгорро дида буд, сўхт. Ронанда мўйсафедро ором кунонида гуфт, ки ҳеҷ кас сирри онҳоро ошкор карда наметавонад.
Тақдиро бин мўйсафеди роғӣ ба ҷустуҷўйи ҳақиқат ва адолат рафта истода, ба ҷиноят даст зад. Шояд дар ҳамон лаҳза ў симои писари ҷавонмаргашро ба ёд оварда, худро нигоҳ дошта натавонист. Кӣ медонад? Акнун ба гумон аст, ки ў ба идораҳои болоӣ рафта бошад? Дар чунин ҳолатҳо дасту пойи одамизод ба ягон кор пеш намеравад. Бубин, худи маро муддати ҳабдаҳ – ҳаждаҳ рўз чун бемор дар хона нишастаам. Ҳатто дилам накашид ва поям пеш нарафт, ки ба суроғи ёфтани бор бароям.
Хайрият, ҳамин субҳ марди боғободӣ омад. Қариб буд, ки ўро аз пеши дарвоза ноумед сохта фиристам. Ҳарчи ки ба сари бандаи Худо биёяд ин аз тақдир аст, вагарна кӣ мегуфт Бориқи хар, ки аз дами теғаш хун мерехт, ба ивази як телевизор аз гуноҳи банда мегузарад. Охир он шабу рўз ў метавонист ҳам телевизорро гираду ҳам худи маро сари як тир намояд. Модоме яроқат тир надорад, чаро ба роҳ мебароӣ? Дар ҳақиқат умри роҳзан ба охир расидагӣ будаст, вагарна чи тавр як пири фартут тавонист ба чунин ҷинояти вазнин даст занад. Чи хеле ҳам набошад хуни роҳзан дар гардани худаш мемонад, чунки умри беадаб аз як ваҷаб беш нест.
Автомашина бо тамоми суръат роҳҳои ҳамвори водиро паси сар карда, ба тарафи шарқ рў ба хуршед, ки роҳҳои морпечи кўҳӣ сар мешуд, ҳаракат дошт. Ҳарчанд автомашина ба ҷойи содиршавии ҳодиса наздик мешуд, дили ронанда ҳамон қадар хиҷил мегашт. Ним сол боз ў муқимӣ шаҳр аст, вале дилаш ба Деҳбаланд кашол. Дишаб Лола дар омади гап гуфт, ки дилаш ба деҳ гум мезанад. Охир, одамизод на қуввати гармо дораду на аз сармо. То ба шаҳр кўчида омадана ҳамсараш зиндагии шаҳрро зиндагии шоҳона мепиндошт, чунки занҳое ки аз шаҳр ба деҳа мерафтанд дар назараш дигар хел менамуданд. Ҳар кадомашон орою торо додагӣ ва шояд Лола гумон дошт, ки онҳо дар шаҳр ҳам ҳамин хеланд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор