Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Он солҳо шеъре ширинтар ва бузургтар аз шеъри «Тоҷикистон» набуд. Ҳар ки боре ин сурудро он солҳо шунидааст, ашк рехтааст. Дар он солҳо натиҷаи кори Ҷамол Солеҳ 86 фоиз буду ҳоло 72 фоиз. Чаро?
– Чунки дигар барномаи «Хоки Ватан» нест, чунки ба будани ҳамон барнома ба фикри баъзеҳо эҳтиёҷ намонда ва танҳо дар ШКД–и ноҳияи Озодӣ дар давоми панҷ моҳ 28 фоизи парвандаҳои ҷустуҷўйӣ аз болои бедарак ғайбзадагон нокушода мондааст.
Ҳоло ў хабарномаи аз ноҳияи Гулистон омадаро бори чандум аст, ки мутоила дорад. Ҳарчанд хабарнома аз номи сардори ШКД омадааст, вале онро иҷрочӣ навиштааст ва он чи ки ў нисбати ҳарфи «Ь» фикру ақидаи хешро иброз намудааст, маълум аст, ки касби хешро то кадом андоза дўст медорад. Албатта, дар бозуи дасти чап гирифта гаштани бозубанд ҳанўз нишона нест. Рафту мақтул онро як рўз ду рўз пеш ёфта ва ё харида чун туморча ба бозуяш баста бошад чӣ?
Дар чунин ҳолат ба гумон аст, ки касе аз наздиконаш ҳам бозубандро дида бошад, ба ҷуз ҳамсар. Агар мақтул муҷаррад бошад чӣ?
…
Аз калимаи «Дунё» ҳам чизеро фаҳмида намешавад, ин номи шахс аст ва ё калимаи рамзӣ. Кош мақтул ягон нишонаи махсус медошт. Нақши ангуштони ў дар боигонӣ набудааст, вагарна ҳоҷат ба фиристодани хабарномаю расми ў набуд. Ў расмро бори дигар ба даст гирифт, вале фаҳмид, ки ин амалаш ҳам натиҷае нахоҳад дод. Ҷамол Солеҳ ки худ марди сухану амал буд. Чун дониши луғавиаш дар сатҳи баланд буд фаҳмид амали нафаре, ки дар ноҳияи Гулистон чун худи ў дар кушодани ин ҷиноят даст задаст боиси дастгирист. Модоме ки милиса дар хабарнома нисбат ба як ҳарф, ки бар хилофи қонуни забон омадааст, изҳори ақида намудааст, пас ў ба маънои томаш милиса аст, зеро мефаҳмад, ки як аломат бо каму зиёдшавиаш чи хушӣ ва ё бадбахтие меорад…
Шояд расми дар дасташ буда, вуҷудашро сўзонд, ки онро паҳлуи хабарнома болои миз гузошт. Капитани милиса худро лаҳзае ба ҷойи мақтул дид. Охир хешу ақрабояш ҳам ба суроғаш барнахостаанд, рафту хешу ақрабо надошта бошад чӣ?
Магар каманд дар дунё одамоне, ки ба ҷуз сари танҳои хеш касе надоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор