Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Не, дунё бе хас ва одам бе кас нест, ҳарчи ҳам набошад дар чунин синну сол ўро зану фарзанде ҳаст. Агар зану фарзандаш мебуд, пас чаро ба суроғаш нахестанд? Рафту аллакай дар ноҳияи Гулистон шахсияташро муайян карда бошанд– чӣ? Охир тайи чанд рўзе, ки Рўзӣ Олим ба тақдири мақтул хатти батлон кашида, санҷиши хабарномаро, ки ҷавоби таъҷилӣ мехост, ба дасти котибаи шаттоҳ Зарнигор ҳавола кардааст, ҳар кор рух доданаш мумкин. Наход барои Рўзӣ Олим хуфтагон қадре надошта бошанд? Аз паси ҳар ариза шахси зинда меистад гуфтанаш чи маънӣ дошта бошад? Пас дар чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард? Аризаи шахси зиндаро баҳри он мебинем, ки ба болоҳо шикоят мекунад. Пас канӣ виҷдон, канӣ имон? Охир виҷдон ҳам аз як гўшаи имон аст. Охир ў (ба расм нигариста) маргро бо худ танҳо набурдааст. Пас чаро мо худро ба ҷойи ў тасаввур накунем? Ҳеҷ кас дар дунё абадӣ нест ва ба хотири он, ки ояндагон моро бо некӣ ёд кунанд, мо пеш аз ҳама бояд ба қадри гузаштагон бирасем. Рафту мақтул шаҳрванди дигар ҷумҳурӣ бошад чӣ? Ва ё дар командировкаи дарозмуддати хизматӣ бошад?
Ҷамол Солеҳ ҳар қадар сари ин мавзўъ андеша мекард, ҳамон қадар пеши муаммои сарбаста мемонд. Ниҳоят, ў қарор дод, ки сараввал ба ноҳияи Гулистон занг задан лозим. Хайр занг зада чӣ мегўяд? – Мегўяд, ки бубахшед ман дар рухсатии меҳнатӣ будаму ҳамин рўз ба кор баромадам ва хабарномаатонро аз дасти котиба гирифтам. Онҳо, албатта, мегуфтагистанд, ки дар ноҳияи Озодӣ ба ҷуз худат милисаи дигар набуд, ё ҳама мурда буданд. Не, тарзе гап задан лозим, ки худи идораро ба зери бори маломати дигарон намонем. Охир ин ҷо сухан дар бораи шахсияти алоҳида не, балки дар бораи идора меравад ва аз рўйи хунукназарии як нафар ҳамаро бадном кардан нашояд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гўшаки телефони дохилиро бардошта, аз навбатдор рақами телефони ШКД ноҳияи Гулистонро пурсид ва лаҳзае пас ба ШКД–и ноҳияи Гулистон занг зад. Ў ки дар корҳои оперативӣ обутобёфта буд, худро муаррифӣ намуда хоҳиш кард, ки навбатдор ўро бо сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ пайваст намояд.
– Сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ нест, шояд бо муовини сардори ШКД оид ба корҳои оперативӣ шуморо пайваст намоем,– пурсид навбатдор.

пешина
аз 558
навбатӣ