Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Капитани милиса имрўз худро баъди маҷлис дар аъроф дид.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дар назди бозори «Деҳқон», ки дар ин минтақа ягона буд, автомашинаро маън карда фаромад. Сипас, аз бозор баъзе майда чўйдаҳо гирифта, роҳи кўчаи Чоряккоронро ки собиқ майори милиса Юсуф Нор зиндагӣ мекард пеш гирифт.
Дарро ба рўяш набераи мўйсафед Шаҳло кушода, ўро ба хона рост ба назди бобояш бурд.
– О киро мебинам,– гўён ба истиқболи меҳмон аз ҷой бархеста гуфт соҳибхона.
– Бубахшед устод, ки шуморо дер хабар гирифтам.
– Аз бахшидан магар суде ҳаст, гумон кардам, ки маро тамоман фаромўш намудед. Хайр бигўед, ки сангу хорро аз роҳатон кӣ гирифт? Шамоли куҷо парронд?
Сари як пиёла чой суҳбат хело тўл кашид. Ниҳоят, мўйсафед, ки аз рўзи ба кор омадани Ҷамол Солеҳ ба ў роҳу равиши корро дар милиса нишон дода буд, имрўз ба суханони шогирд гўш дода, ба андеша фурў рафт:
… Шинос шавед ин кас хатмкардаи мактаби милиса Ҷамол Солеҳ. Ўро ба ноҳияи мо ба ҳайси ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ фиристодаанд. Бо фармони худ ман капитани милиса Юсуф Норро ба ў устод (наставник) таъин кардам. – Ё шумо капитан норозиед?– пурсид сардори ШКД–и ноҳияи Октябр Қаҳҳоров.
– Ман розӣ, – аз ҷой бархеста гунаҳкорона гуфт Юсуф Нор.
Дар давоми чор соли кори яҷоя Юсуф Нор ҳарчи аз дасташ омад, ўро ёд дод. Маҳз бо маслиҳати беғаразонаи ў Ҷамол Солеҳ ба шуъбаи ғоибонаи Мактаби олии милисаи шаҳри Тошканд ҳуҷҷат супорида, соле пас аз ба нафақа рафтани устод онро бо мувафаққият хатм кард. Аввалҳо устодро тез–тез хабар мегирифт ва рафта– рафта аз тангии рўзгор ва наёфтани вақт ин хабаргириҳо аҳён– аҳён шуданд. Бори охирин ў ба ин хонадон панҷ моҳ пеш дар тўйи наберагони Юсуф Нор омада буд…
– Муайян намудани шахсияти мақтул ин на танҳо иҷрои вазифа, балки қарзи инсоният,– ниҳоят ба сухан даромада гуфт Юсуф Нор. – Акнун Ҷамолиддин замона дигар шуд, яроқ дастраси ҳар кўру кал гашт. Агар ба тарафи ҷинояткор милиса аз тапонча тир андозад аҷаб нест, ки ҷавобашро аз туп нагирад.

пешина
аз 558
навбатӣ