Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта ҳамаи ин муваққатист, вале то тинҷ шудана милиса хуни ҷигар мешавад. Бо ҷинояткор аслан ба забони худаш гап задан даркор. Ҳафтае пеш дар пеши бозори «Деҳқон» Карими Лоиқро дидам. Дувоздаҳ сол пеш ўро худам ҳабс карда будам ва чун шиноси дерина он рўз ў маро дида ба меҳмонӣ даъват кард. Суроғаашро ҳам дар варақчае навишта ба дастам дод, ҳозир меёбам онро,– гўён Юсуф Нор аз ҷой бархест…
– Ана суроғааш,– гўён соҳибхона варақчаеро ба дасти меҳмон дод.
Ҷамоли Солеҳ ба варақча як назар афканда, онро ба соҳибхона баргардонд.
Юсуф Нор чизе нагуфт. Ў хуб мефаҳмид, ки милиса ҳамчун разведчик бояд хотираи қавӣ дошта бошад ва дар як нигоҳ чизи заруриро бо майдатарин ҷузъиёташ аз худ намояд.
Аз он ки Юсуф Нор шогирдро талқини навиштан накард, Ҷамоли Солеҳ нақли чандин сол пеш намудаи устодро ба ёд овард.
– Милиса ҳам бояд чун разведчик хотираи мустаҳкам дошта бошад. Дирўз дар рўзномаи «Аргументи и факти» мақолаеро хондам. Ба ростӣ аввал бовар накардам ва боз ду бори дигар онро мутоила намудам. Ҳамааш бо факту далелҳо овардагӣ гуфт Юсуф Нор ба зердастонаш.
– Дар бораи чӣ будааст он мақола?– пурсид Сайфулло Хайрулло.
– Дар бораи хотира.
– Хайр нақл намоед, ки мо ҳам шунида ҳаловат барем.
– Эй Сайфулло гумон доред, ки ман аз Старков (сармуҳаррири Аргументи и факти) дида нақлро ба самъатон хубтар мерасонам.
– Шумо аз Старков камӣ надоред, домулло (Сайфуллои Хайрулло Юсуф Норро ки ҳамсинну солаш буд, дар ҳузури зердастон аслан чунин ном мебурд).
– Ба ҳар ҳол сухан аз забони Луқмон хуш аст,– ба нақлаш нуқта гузошта гуфт Юсуф Нор.
– Танҳо баъди як моҳ Ҷамол Солеҳ имконият ёфта, ба китобхонаи шаҳрӣ рафта, рўзномаро дастрас намуда қироат кард.
Дар мақола омада буд, ки разведчик қобилияти ба хотир гирифтани се варақаи чопиро (варақаи дар мошинкаи чопӣ навишташударо) пурра ва боқимонда варақҳоро қисман ҳангоми як мутоила дорад…

пешина
аз 558
навбатӣ