Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Кори Воҳид Камол омад накард.
– Аз тақдир роҳи гурез нест.
Абдумаҷидов аз чи бошад, ки суҳбати дирўз пештар бо муфаттиши прокуратура Сиддиқов доштаашро ба ёд овард, лекин дар бораи он ки аллакай аз болои сардори ШКД кадоме ба прокуратура ариза навиштааст чизе гуфта натавонист. Вақту соаташ ояд ҳамааш айён мешавад.
– Чаро хомўшӣ?
– Чи гўям.
– Ба фикри худат ин ҳодиса чӣ тавр рух додааст.
– Аз кадом нуқтаи назар чунин суол додед.
– Шояд нотавонбинони Воҳид Камол?
– Ба гумон аст. Дар ин ҷо ба ҷуз хунукназарии ҳайати наряди дирўза чизи дигаре нест. Нотавонбинонаш бошанд метавонанд аз дигар тараф зарба зананд.
– Чӣ хел?
– Ҳамин хел оддӣ. Магар каманд аблаҳоне, ки барои худро назди мансабдоре ширин кардан ба туҳмат даст зананд?
– Аз ду сар Воҳид Камол бе ҷазо намемонад.
– Ҳамчун роҳбар, албатта. Вале агар Ҷангиеву Сойро замин накашад, рафти воқеаҳо рушан мегардад. Дар он вақт ҳар кас аз рўйи меҳнаташ «мукофот» мегирад.
– Ин ҳодисаро мухолифини Воҳид Камол суст намемонад.
– Инаш рост. Акнун ҳодисаи мазкур аз тарафи мухолифин бо обу ранги тоза то болоҳо меравад.
– Мустафоев барои сиёҳ намудани Воҳид Камол чӣ хел баҳонаи хуб ёфт.
– Наход ў то ин дараҷа…
– Ҳукумати ноҳия аз ду сар бо чунин марди қайсар чун Воҳид Камол созиш карда наметавонад ва аз чунин лаҳзаи муносиб истифода мебарад. Модоме, ки Воҳид Камол ақидаи ҳукумати маҳалро напазируфт, пас ў бо онҳо ҳамдил нест, яъне санги сари роҳи ҳукуматдорон аст ва санги роҳро аз роҳ гирифтан лозим меояд.
– Воҳид Камол мутахассиси бад нест, наход дар вазорат ҳаминро ба инобат нагиранд.
– Сиёҳ кардани одам осон аст, махсусан дар чунин лаҳзаҳо.
– Ҳоло сардор дар куҷо?
– К министру на ковёр визивали.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор